Муҳаққиқони тоҷик дипломатияи об ва омилҳои фарогири он дар бозтоби ВАО-и мамлакатҳои Осиёи Марказиро муҳокима намуданд

Ноябрь 26, 2019 12:40

ДУШАНБЕ, 26.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 -26 ноябр дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дипломатияи об ва омилҳои фарогири он дар бозтоби воситаҳои ахбори оммаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ доир гардида, дар он олимону муҳаққиқон ва коршиносону таҳлилгарони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Декани факултети журналистикаи ДМТ Саъдӣ Исматов зикр намуд, ки конфронс дар партави эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028, инчунин бо мақсади ҷалби диққати олимону муҳаққиқон ба масъалаҳои марбут ба об ва инъикоси он дар воситаҳои ахбори оммаи минтақа доир гардид.

«Дипломатияи обӣ яке аз шохаҳои муносибатҳову сиёсатҳои байналхалқӣ ба шумор рафта, барои ҳал кардани мушкилоти обии сайёра дар чанд даҳсолаи охир ба таври фаъол рӯ задааст. Ин ҷараён ба назар нав намояд ҳам, аммо заминаҳои хоси таърихиро соҳиб мебошад», — зикр намуд мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёри Қутбиддин.

Гуфта шуд, ки дипломатияи об таърихи куҳан дошта, намунаи авалини онро 2500 сол пеш аз мелод дар ҳудуди имрӯзаи Ироқ (Лагаш ва Умма дар ҷануби Ироқ) дидан мумкин аст.

«Мундариҷаву ҳадафи аслии ин дипломатия аз ҷониби як ё якчанд давлат сиёсати хориҷиро дар роҳи пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти ин масъала нишон медиҳад. Дипломатияи обӣ мехоҳад, ки бо усулҳои назарияву амалӣ (конференсия, семинар, мулоқот, тренинг, татбиқи лоиҳаҳо, ҷудо кардани грантҳо) дар ҳалли мушкилот нақш гузорад» — афзуд мавсуф.

Ду сол пеш Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани  «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» якдилона пазируфт, ки намунаи возеҳи ташаббускори марбут ба мушкилоти об будани давлати мо мебошад.

«Ҷаҳони имрӯза ниёзманд ба ин гуна дипломатия мебошад ва раванди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа зарурати мавҷудияту инкишофи онро тақозо менамояд», гуфт Б.Қутбиддин.

Ба андешаи ин муҳаққиқ, сабабҳои ба миён омадани дипломатияи об ба чунин омилҳо вобастагӣ дошта метавонанд:

То соли 2050 аҳолии кураи замин беш аз 9 миллиард нафарро ташкил медиҳад ва табиист, ки дар баробари озуқа талабот ба об низ бошиддат меафзояд.

Аз рӯи ҳисобҳои дигар имрӯз 50 фоизи аҳолии кураи Замин аз оби нӯшокӣ танқисӣ доранд.

Босуръат обшавии пуряхҳои рӯи замин, ки бештар манбаъҳои оби тозаро ташкил медиҳанд.

Ба вуҷуд омадани офатҳои пайдарҳами табиӣ, ки дар баробари харобиҳо қурбониҳои зиёде низ дар пай доранд.

Биёбоншавӣ ва дар ҳолатҳои дигар зери об мондани заминҳои барои зиндагии одамон мувофиқ.

Ба таври муназзам ҳамчун ба захираи тиҷоратшаванда табдил ёфтани об.

Ва ҳамчун манбаи истеҳсоли энергияи барқ ба ҳисоб рафтани об.

Зикр гардид ки даҳсолаҳои эълонгардида ба механизми дипломатияи об таъсири пайваста гузоштанд. Яке аз ин механизмҳо «СММ-ОБ» ном дошт, ки соли 2003 аз ҷониби зерсохторҳои СММ таркиб ёфтааст. Гузашта аз ин соли 2009 бо пешниҳоди Тоҷикистон сохтори дигар бо номи «Дӯстони об» таъсис ёфтааст, ки феълан зиёда аз 100 мамлакати дунё шомили он мебошанд.

Даҳсолаҳои «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор», Соли байналхалқии оби тоза, Соли байналхалқии ҳамкорӣ дар соҳи об тасмимҳои бевоситаи Тоҷикистон дар сатҳи баланди байналмилалӣ мебошанд, ки ба раванди дипломатияи об дар ҷаҳон таъсири пайваста дорад. Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба ин масъалаи глобалӣ бесабаб нест. Зеро 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Дар ҳама ҳолат, — хулоса намуд мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ,- Тоҷикистон доир ба ин масъала барои ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳо дар минтақа ҳамеша омодаи  мусоидат буда, ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Ноябрь 26, 2019 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд