Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президент дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷамъбаст мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баъди маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ барномаи консерти бошукӯҳ бо иштироки беҳтарин ҳунармандон баргузор мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор гардид.
Озмун аз се давр иборат буда, дар даври якум дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо 2959 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумораи иштирокчиёни даври аввал 705 нафар ба даври дуюм, яъне даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Баъди санҷиши ҳунари иштирокчиён дар даври дуюм ҳайати ҳакамон ба 65 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат ва тавсия доданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойи якум — 30 000 сомонӣ, ҷойи дуюм — 20 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим мегардад.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






