Рӯзи Президенти Тоҷикистон барои миллати тоҷик ҷашни баҳамоӣ, саодату сарбаландӣ ва фатҳу зафар аст

Ноябрь 16, 2019 12:40

ДУШАНБЕ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Президенти мо – ифтихори мо» ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон доир гардид.

Дар кори ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, сардори Раёсати рушди маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзод, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латифзода, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  беш аз 6 ҳазор нафар ҷавонони касбу кори гуногун, аз ҷумла гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҷоизадорони ба номи Исмоили Сомонӣ, варзишгарони маъруф ва сарбозону афсарони вазорату идораҳои қудратии мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиринро  бо  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик карда, зикр  намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик рӯзи баҳамоӣ, саодату сарбаландӣ ва  фатҳу зафар аст.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи воқеии ҷавонону варзишгарон қарор гирифтаанд. Фаъолияти  пурсамар, сиёсати созанда ва иқдоми наҷиби Пешвои  миллат сармашқи фаъолияти насли ҷавон буда, онҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ иброз менамоянд, ки «мо пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастем ва дар пайравӣ аз сиёсати созанда ва ватанпарваронаи Президенти маҳбуби миллат талош менамоем, ки донишҳои муосирро аз худ намуда, ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҷиҳати ҳимояи марзу буми давлатӣ ва арзишҳои миллию дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат талош менамоем»,- гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода.

Дар  доираи  ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Президенти мо – ифтихори мо»  аз номи сарбозону афсарони қисмҳои низомии мамлакат ва ҷавонону варзишгарон дар ҳамдиливу ҳамовозӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома қабул гардид.

Пас аз баргузории ҳамоиш барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта баргузор  шуд.

 

Ноябрь 16, 2019 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?