Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Охири ҳафтаи гузашта таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони даъватшуда ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Барномаи миллии мубориза бо бемории ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 баррасӣ шуданд. Ҳамзамон нақшаи кории Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, нақшаи кори Комиссияи назорат дар назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва пешниҳоди ворид намудани тағйирот ба ҳайати Комиссияи назоратии назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди СПИД, сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
Зимни муҳокимаи масъалаҳо муайян карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ иҷрои барномаҳои давлатии мубориза бо СПИД аз ҷониби сохторҳои марбута дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Дар асоси муҳокимаи ҳисоботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки вазорат корҳои муайянро оид ба пешгирии ВНМО/ СПИД дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом додааст. Аммо, раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба пешгирии ВНМО/СПИД дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ нокофӣ эътироф кард.
Ӯ дастур дод, ки кумак ба муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро бояд тақвият бахшид. Вай инчунин иброз кард, ки марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон ва шуъбаҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бояд корро дар ин масир пурзӯр намоянд.
Ҳисоботи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои Барномаи миллии мубориза бо бемориҳои ВНМО барои солҳои 2017-2020 шунида шуд ва мусбат арзёбӣ гардид. Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ба роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки пешниҳоди хизматрасониҳои тиббии мувофиқро барои шахсони мубталои ВНМО, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд, беҳтар созанд.
Аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шуд, ки ҳамасола маблағгузорӣ барои амалисозии барномаҳои миллии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷаи давлат зиёд карда мешавад, аз ҷумла соли оянда маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои санҷиши ин беморӣ 1 миллион сомонӣ афзоиш меёбад.
Зимни муҳокима намояндагони USAID дар Тоҷикистон, ассотсиатсияи ғайридавлатии байналмилалии “Табибони бидуни марз ” ва дигар созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро ҷиҳати идомаи маблағгузории барномаҳои давлатӣ дар соҳаи назорат бо СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
Намояндагони ЮСАИД гуфтанд, ки гранти ЮСАИД барои аз байн бурдани бемории сил дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд. Он аз ҷониби UPAssosiat ба муҳлати 5 сол ба маблағи 31,6 миллион доллари ИМА татбиқ карда мешавад ва 15,2 миллион доллари он ба Точикистон фиристода мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи Фонди глобалӣ Алан Набиев инчунин ба раиси КММ дар бораи муҳлати пешниҳоди аризаҳои навбатӣ барои Гранти Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бо ВНМО/СПИД ва сил, ки то 23 марти соли 2020 муайян карда мешавад, маълумот дод.
Онҳо инчунин лоиҳаи Нақшаи кори Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ барои соли 2020 ва Нақшаи кори Комиссияи назоратии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ барои соли 2020-ро баррасӣ ва тасдиқ карданд.
Дар мулоқот Азим Иброҳим иброз намуд, ки баррасии ҳамаҷонибаи ин масъала таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат қарор дорад ва аз ин рӯ, сохторҳои масъул вазифадор карда шуданд, ки тамоми уҳдадориҳои худро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд.








Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад
КАРТОШКАПАРВАРӢ. Кишоварзони вилояти Хатлон дар 8 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд
Ба «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ду мошини махсуси чорвокашонӣ дастрас шуд
Кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ аз кишти такрорӣ идома дорад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд






