Ҳунарманди халқии Россия Наталя Гвоздикова дар бораи ҳаёт, фаъолияти ҳунарӣ ва таассуроташ аз Тоҷикистон нақл кард
ДУШАНБЕ, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо нақл дар бораи зиндагии хеш –овони кӯдакӣ, падару модар ва оила мулоқоти Ҳунарпешаи халқии Россия, актрисаи театр ва кино Наталя Гвоздикова бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон оғоз ёфт.
Наталя Гвоздикова дар шаҳри хурди Борзя, воқеъ дар вилояти Чита таваллуд шудааст. Волидони ӯ боз як духтари дигар бо номи Людмила доштанд, ки вай ҳамроҳи Аркадий Райкин дар театри давлатии миниатюраҳои Ленинград ҳунарнамоӣ мекард. Шояд таъсири ҳамин буд, ки Наталя низ касби актёриро интихоб намуд. «Падари ман шахси ҳарбӣ ва хеле ҷиддӣ буд, модарам тамоми умрашро ба тарбияи ман ва хоҳарам бахшидааст. Мо пайваста аз як шаҳр ба шаҳри дигар мекӯчидем, аммо модар дар муҷаҳҳаз намудани хона ончунон нозук буд, ки мо ҳамеша роҳат будем. Яъне, ҳеҷ гоҳ аз шаҳр ба шаҳри дигар рафтанамонро эҳсос наменамудем»,- гуфт актриса.
Зимни суҳбат ҳунарпешаи маъруф гуфт, ки пеш аз бозгашт ба ватан ӯ мехоҳад қабри дӯсти наздикаш Малика Собироваро зиёрат кунад. “Малика балеринаи муваффақ ва инсони олӣ буд. Ман муддати тӯлонӣ бо ӯ ва аҳли оилааш дӯстӣ доштам. Кунун зиёд мехоҳам марқади ӯро бубинам ”,- гуфт Наталя Гвоздикова.
Наталя Гвоздикова дар идомаи сухан таассуроти худро дар бораи Тоҷикистон нақл кард. «Мамлакати афсонавӣ буда, мардуми хеле меҳрубону меҳмоннавоз ва фарҳанги бой дорад. Боду ҳавояш ба ман хеле писанд аст. Бо вуҷуди он ки аллакай нимаи моҳи ноябр аст, ҳанӯз ҳам ҳаво гарму форам ва тамоми атроф сабзазор аст»,- изҳор намуд ҳунарпеша.
Актриса дар бораи касби душвор, вале хеле ҷолибаш, дар бораи нақшҳое, ки ӯ бозидан мехоҳад ва ҳам онҳое, ки худ комилан рад мекунад, нақл намуд. «Ман ҳеҷ гоҳ нақшҳоямро бо ҳаёти худ ҳамроҳ намекунам. Зеро онҳо аз ҷиҳати психологӣ гуногун ва хеле мураккабанд. Дар бораи қаҳрамонони филмҳоям ҳамеша дар шахси сеюм сухан мегӯям. Нақшҳо сарнавишти инсонҳои дигарро таҷаллӣ медиҳанд. Ман худро ҳеҷ гоҳ ситора намепиндорам, ситораҳо дар осмон ва одамон дар рӯи замин ҳастанд. Табиатан хоксориро дӯст медорам»- гуфт ӯ.
Бояд зикр кард, ки Наталя Гвоздикова бо шавҳараш Евгений Жариков дар 15 филм дар нақши зану шавҳар бозӣ кардаанд. Дар се филм ба ӯ зарур омада буд, ки бимирад.
Дар ҷараёни мулоқот порчаҳо аз филмҳое намоиш дода шуданд, ки дар онҳо Наталя Гвоздикова нақшҳои маъруфи худро — «Зодаи инқилоб», «Танаффуси калон», «Деҳқонхонум» ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Мулоқот дар доираи Ҳафтаи кинои Россия, ки 20 ноябр дар Душанбе ба анҷом мерасад, баргузор шуд. Ҳунарпеша дар ҳайати расмии кинематографистони маъруфи Федератсияи Россия дар Тоҷикистон қарор дорад.








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд






