Зуҳуриддин Асрорзода: «Нақш ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ назаррас аст»

Ноябрь 15, 2019 14:49

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар». 16 ноябр  дар Тоҷикистон 27-умин солгарди Иҷлосияи таърихии тақдирсоз, яъне Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷашн гирифта мешавад. Нақш ва аҳамияти ин Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ беназир аст. Дар ин мавзӯъ сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Зуҳуриддин Асрорзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода ибрози андеша  намудааст. Дар зер матни пурраи онро мензури хонандагон мегардонем:

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ нақш ва аҳамияти махсус дорад. Татбиқи адолати судӣ яке аз роҳҳои боэътимоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд рӯйи усули волоияти қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳои давлат дар назди ҷомеа, равобити мутақобилаи шахс ва давлат устувор аст. Аз ин рӯ, маҳз ҳокимияти судӣ он неруе эътироф шудааст, ки таъмини ин ҳама усулро ба ӯҳда дорад. Бо ибораи дигар ҳокимияти судӣ таъминкунандаи роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Зеро мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёдро наметавон бидуни таъмини  адолат, инсоф ва озодиву баробарӣ тасаввур кард.

Мамлакати азизи мо Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона, оқилона, сулҳҷуёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомали Раҳмон  давоми ин солҳо дар тамоми соҳаҳо, дар сатҳи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб  гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон дар натиҷаи ҷонбозиҳо ва заҳматҳои басо сангин ва азму талошҳои тӯлонии халқи озодихоҳи Ватан дар пайгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат  воқеан давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардида, иҷрои вазифаҳои муҳими таърихӣ ва пурифтихор, ҷиҳати бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷикон ба зиммаи халқ вогузор гардидааст.

Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ва фарҳангӣ дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият аввалин шуда бевосита аз ҷониби халқ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самти асосии пешрафти рукнҳои давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас, муайян ва танзим намуд.

Дар давоми бисту ҳафт сол бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошта ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз ҷумлаи онҳо буда, ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръат эълон гардида, мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Таъмин намудани рушти босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафҳои асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки ду даҳсола барои давлати ҷавони мо солҳои ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буданд ва аз ҳар кадоми мо ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ба ватан баргардонидани қариб як миллион нафар фирориён ва ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кӯшишу заҳмати азими шабонарӯзиро тақозо доштанд.

Кӯшишу талошҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакт дар ин солҳо бори дигар аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат шаҳодат дода, ҳамаи моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида боз ҳам хубтару беҳтар кору фаъолият намоем.

Ҳамзамон бо ин, дар давоми солҳои зикргардида барои Тоҷикистон воқеан ҳам давраи дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор рафта, маҳз ин дигаргуниҳо барои ташаккули эҳсоси миллӣ, ватандустӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, шинохти тамаддун ва таърихи гузашта, инчунин тақвияти мақому манзалати инсон дар ҷомеа заминаи мусоид ва устувор ба вуҷуд овардааст.

Илова бар ин дигаргуниҳову дастовардҳо, вусъат бахшидан ба инкишофу таҳкими ниҳодҳои демократӣ, мустаҳкам кардани рукнҳои давлатдорӣ ва ба ин васила ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як фарди ҷомеа ва мақомоти дахлдори давлатӣ мебошад.

Дастрасии адолат ба аҳли башар аз роҳу равиши мухталиф ва ба василаи фаъолияти мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. Аз ҷумлаи мақомоти давлатӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати аслу ҷавҳари адолат таъмин менамояд, нақш ва мавқеи рукни судии ҳокимияти давлатӣ муҳиму назаррас мебошад. Амалан адолати судӣ, ки аз тариқи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолат сурат мегирад, маҳз аз ҷониби ин рукни ҳокимияти давлатӣ татбиқ мегардад.

Беҳуда нест, ки талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳокимияти судиро салоҳият додааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарурият маҳдуд намояд, гунаҳгор ва бегуноҳии шахсро муайян созад, ҳаёт, кадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, инчунин манфиати қонунии шахсони ҳуқуқиро ҳифз намуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин созад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 қайд намуданд: «Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва  амалисозандаи адолати судӣ мебошад. Фаъолияти судяҳо бояд чун мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амали намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост». Бо дарназардошти ин омилҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо, мақомоти судӣ бояд ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус диҳанд ва тибқи қонунҳои амалкунанда барои пешгирии онҳо ҳама вақт саъю талош варзанд.

Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дастуру супоришҳои Сардори давлат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати амалигардонии адолати судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ тадбирҳо меандешад.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи хокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардошташ нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар  дар Ҷумҳури Тоҷикистон 4 барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ гардидааст.

Бо шарофати Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ба мо халқи тоҷик имконият фароҳам омад, ки баъди ҳазорсолаҳо асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанг, суннату арзишҳои неки ниёгон, хулоса ҳастии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият ва пурифтихори миллӣ – эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати сохибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрузу фардо эҳё намоем.

Дар ин фосилаи кӯтоҳи таърих, халқи тоҷик тавонист, ки пояҳои давлати навбунёду тозаистиқлоли худро мустаҳкам намуд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки аксарияти мушкилоту камбудиҳои мавҷударо бо меҳнати созанда ислоҳ карда, дар ин роҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Ноябрь 15, 2019 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»