1 январ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 30.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1 январи соли 2020 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад.
Тавре сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чоряки дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 31 декабр ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.
Таътили зимистона 10 рӯз буда, он аз 1 то 10 январ идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, ин таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», ки аз рӯи 13 фан доир мегардад, гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.
Бино ба иттилои мавсуф, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои назмию насрӣ пешниҳод гардидааст.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, хонандагоне, ки хоҳиши омӯзиши дарсҳои иловагӣ доранд, ба мактаб ҷалб карда мешаванд.
Дар ин давра дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки хонандагон ба он омодагӣ мегиранд.
Бояд зикр намуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад. Он моҳи ноябр дар байни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ ва ҳафтаи адибон ҷалб намояд.
Қутбиддин Муҳиддинзода иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш пешниҳод намуданд, ки «ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд».
Аз ин рӯ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки синфҳои фанниро доир ба илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ бо аёнияти дарсӣ таъмин намояд.
Бояд таъкид намуд, ки равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму оин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон саҳми арзанда дошта бошанд.








Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид






