Дар ҷамоати деҳоти Ҳоит фермаи чорвопарварӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 25, 2019 08:38

ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар деҳаи Миртоби ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт  аз тарафи соҳибкор Мирзобек Вазиров  фермаи чорвопарварӣ барои 150 сар чорвои калони шохдор ва 300 сар бузу гӯсфанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 

Дар фермаи мазкур ҳоло 58 сар чорвои калони шохдор  ва 200 сар бузу гӯсфанд ба парвариш фаро гирифта шуда,  ба наздикӣ 63 сар чорвои калони хушзот ворид карда мешаванд.

Тибқи иттилои мутахассисон,  бинои фермаи чорвопарварӣ ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ошёнаи якуми он чорво парвариш ёфта, дар ошёнаи дуюм хӯроки чорво захира карда мешавад.

Фермаи чорвопарварии хоҷагии деҳқонии Миртоби ноҳияи Рашт  бо мақсади истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ташкил гардида, дар он беш аз 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Соҳибкор Мирзобек Вазиров мегӯяд, ки  ояндаи наздик барои таъмини аҳолии минтақа бо тухм ва гӯшти мурғ  дар назди  ин хоҷагии деҳқонӣ  фермаи мурғпарварӣ низ бунёд мекунад.

Декабрь 25, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид