Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» фаъолияти бонки нахустини исломӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор мегирад

Декабрь 5, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 5.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бонкдории исломӣ чанд соли охир дар ҷаҳон нуфузи зиёд касб намуда, таваҷҷуҳи кишварҳоеро, ки бо низоми бонкдории анъанавӣ фаъолият доранд, беш аз пеш ба худ ҷалб мекунад.  Омили асосии рушди бомуваффақияти он  дар раванди буҳронҳои ҷаҳонии молиявӣ бештар маъмулу маъруф гардид. Зеро бар асари буҳронҳои ҷаҳонӣ  низоми бонкии анъанавӣ осеби ҷиддӣ дида, ҳатто бонкҳои бузургтарини ҷаҳон муфлис шуданд. Тибқи маълумоти мавҷуда, бонкҳое, ки бо низоми исломӣ фаъолият  доранд,  беш аз 500 адад­ро ташкил дода, ҳатто ҳаҷми сармояи онҳо марзи 3 триллион доллари ИМА-ро убур мекунад.

Малайзия аз аввалин кишварҳое мебошад, ки бонкдории исломӣ дар он босуръат такомул ёфта, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо саҳми бориз дорад.  Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки бонкҳои исломӣ на танҳо дар кишварҳои мусулмонӣ, балки дар кишварҳои ғарбӣ низ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Барои мисол, дар Англия 15 адад бонки исломӣ мавҷуд буда, 20 фоизи муштариёни низоми бонкии Россия майл ба хизматрасонии чунин бонкҳо доранд.

Дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, Ҷумҳурии Қазоқистон  барои фаъолияти бонкҳо бо чунин усул шароит фароҳам овард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми соли 2019 бонки исломӣ бо номи ҶСК «Тавҳидбонк» расман ба фаъолият шурӯъ намуд.

Принсипи  асосии фаъолияти бонкдории исломӣ додани қарзи бе фоиз ба муштариён мебошад, зеро дини Ислом риборо ҳаром медонад. Пас бонкдории исломӣ, ки бе фоиз қарз диҳад,  чӣ гуна фоида мебинад? Посухи ин ва чандин суолҳои муҳими дигар, инчунин  роҷеъ ба фаъолият ва намудҳои қарздиҳии  бонкҳои исломӣ (ҶСК «Тавҳидбонк») дар Тоҷикистон ва дурнамои фаъолияти онро дар барномаи таҳлилии «Набзи иқтисод» 6 декабр, соати 08:30 ва такроран соатҳои 17:30, 21:00 дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Абдураҳими Абдуқаҳҳор аз радиои «Ховар» бишнавед.

Декабрь 5, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд