Дар Душанбе ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Декабрь 4, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи ҷойивазкунанда бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, намояндагони осорхонаҳои миллии мамлакатҳои ширкаткунанда, коршиносони Кумитаи байналмилалии намоишгоҳҳо ва мубодилаи ICOM, Раёсати таҳқиқоти фарҳангӣ ва минтақавии Донишгоҳи Копенгаген ва ЮНЕСКО иштирок карданд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласа интихоб ва муҳокимаи нигораҳои барои намоиш пешниҳодшуда, муайян намудани қадамҳои мушаххас дар таҳияи намоишгоҳ, ки осорхонаҳои миллии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Эрон иштирок хоҳанд кард, мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи муштарак дар чорчӯбаи лоиҳаи сесолаи Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО зери унвони «Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо» ташкил карда мешавад.

Намоишгоҳ ба мероси муштараки фарҳангӣ бахшида шуда, дар он барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи лоиҳа, намоиш додани мероси бойи кишварҳои иштирокчӣ, мусоидат ва табодули таҷрибаи пешқадам дар Роҳи абрешим ва фаҳмиши муштараки мероси Роҳи абрешим ҳамчун пуле байни Шарқ ва Ғарб равона шудааст.

Дар нақша аст, ки намоишгоҳ тирамоҳи соли 2021 дар осорхонаи мамлакати иштирокчӣ ё Аврупо баргузор гардад, ки барои намоиш дар ҳар як кишвари ширкаткунанда дастрас хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ моҳи июни соли  2019 дар шаҳри Нур-Султон (Ҷумҳурии Қазоқистон) баргузор гардида буд, ки дар он мавзӯъҳои эҳтимолии намоишгоҳ, миқёс ва хусусияти он, инчунин нигораҳои имконпазир, ки қисми ин намоишгоҳ хоҳанд буд, баррасӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи «Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо» ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеаҳои минтақа, аз ҷумла ҷавонон ва занон тавассути фароҳам овардани даромад ва ташкили ҷойҳои корӣ нигаронида шуда, нақши афзояндаи фарҳангро дар рушди устувор нишон хоҳад дод.

Декабрь 4, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд