Дар Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии маҳсулоти эронӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 24 декабр дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир мегардад.
Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолӣ ва фаъолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрокӣ, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, қолин, таҷҳизоти манзил, сайёҳӣ ва ғайра маҳсулот пешниҳод менамоянд.
Инчунин илова бар намоиши маҳсулоти истеҳсолии Эрон тоҷирону сармоягузорони ширкатҳои Эрон ва Тоҷикистон фурсати муносибе барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкории тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва маблағгузории муштарак хоҳанд дошт.
Ёдовар мешавем, ки охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон моҳи маи соли 2017 баргузор шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, дар он беш аз 20 ширкати эронӣ иштирок намуда буданд.








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






