ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. АМИТ «Ховар» беҳтарин ВАО дар тарғиби соҳаи варзиш дар соли 2019 эълон гардид
ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019 баргузор гардид.
Дар ин рӯз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» беҳтарин ВАО дар тарғиби соҳаи варзиш дар соли 2019 эълон гардида, бо диплом ва ҷоизаи махсус мукофотонида шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, федератсияҳои варзишӣ, собиқадорони соҳа, варзишгарон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Азим Иброҳим зимни сухани табрикӣ изҳор дошт, ки «бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол то сол рушд мекунад. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва тақдими хосаи он дар маросими ҷамъбастии сол баёни он аст, ки ташаккул бахшидани варзиш ва дастгирӣ намудани варзишгарон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб рафта, халқи тоҷик ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ зери сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат устуворона ба марҳилаи нави рушду ташаккул ва таҳкими идеяи миллати солим ворид гардида истодааст».









ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид






