ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Маҳсули заҳмати эҷодии кормандони «Тоҷикфилм» — филми ҳунарии «Дӯғоб» дар кинофестивалҳои байналмилалӣ сазовори ҷоиза ва диплом гардид

Декабрь 26, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2019 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли равон баҳри таҳкими ҳамкорӣ миёни киностудияҳои мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Гурҷистон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус «Созишномаи ҳамкорӣ» дар соҳаи кинематография миёни филмофарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон  ва Беларус ба имзо расонида шуд. 

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, маҳсули заҳмати эҷодии кормандони «Тоҷикфилм»-филми ҳунарии «Дӯғоб»  аз рӯйи асари нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон дар кинофестивали «Само»-и Шветсия сазовори  ҷоизаи «Беҳтарин филми кӯтоҳ» ва дар Фестивали 9-уми  «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» лоиқи диплом гардид.

Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои Россия, Германия, Франсия, ИМА ва Туркия оид ба баргузор намудани рӯзҳои кинои ин давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расида, ҳафтаи филмҳои франсавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  баргузор карда шуд. Охири моҳи октябр фестивали мазкур дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои сокинони шаҳри Душанбе барпо гардид.

Инчунин дар доираи ҳафтаи филмҳои Полша бо номи «Висла-7» ва филмҳои руминӣ дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  филмҳои истеҳсоли кинематографистони ин мамлакатҳо ба оммаи васеи тамошобинон намоиш дода шуданд.

Хотирнишон бояд кард, ки имсол 90-солагии кинои тоҷик бо шукӯҳ таҷлил гардида, дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи кинематографистон дар арафаи ҷашни мазкур Фестивали байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» доир карда шуд.

Ҳамчунин дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия «Ҳафтаи кинои Россия дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Баҳри  баргузории Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар ҳамкориву шарикӣ бо сафорати Франсия дар Тоҷикистон ва маркази  фарҳангии «Бохтар»  бо таъсиси ҷоизаи «Лолаи тиллоӣ»  Ёддошти тафоҳум  ба тасвиб расид, ки аз 25 ноябр то 1 декабри соли равон дар сатҳи баланд доир гардид. Ду филми кӯтоҳи офаридаи аҳли эҷоди Муассиса «Дуғоб» ва «Аз баландии парвоз» дар ин фестивал соҳиби ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» гардиданд.

Аммо дар баробари ҳамаи дастовардҳо дар соҳаи филмофарӣ камбудиҳо низ ба назар мерасанд.

Тавре директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Раҳмон иброз намуд, мушкилоти асосии соҳаи кинематографияи тоҷикро имрӯз мавҷуд набудан ва ё дар ҳолати садамавӣ қарор доштани толорҳои кинонамоишдиҳӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ  ташкил медиҳанд. Бо мақсади таъмиру тармим ва аз нав барқароркунии кинотеатрҳо роҳбарияти муассиса аз аввали соли равон нақшаи чорабиниҳо тартиб  дода, баҳри давра ба давра амалӣ намудани он тадбирҳо меандешад. Баҳри татбиқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарорсозӣ ва таъмиру тармими кинотеатрҳо роҳбарияти муассиса  бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо робитаю ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 26, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад