ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Мусаввараи «Дунёи маликаи абрешимӣ»-и Зокир Собир дар Озмуни байналмилалии рассомӣ дар Амрико соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид

Декабрь 30, 2019 10:55

ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Озмуни байналмилалии рассомӣ  таҳти унвони «Рассом ва Офарандагӣ», ки 27 декабри соли 2019 дар шаҳри Ню-Йорки  Амрико ҷамъбаст гардид, рассоми тоҷик, асосгузори ду равияи фарҳангӣ-меъмории «Нурворизм» ва «Танворизм» Зокир Собир ғолиби ҷойи аввал ва  сазовори медали тиллои ин озмуни байналмилалӣ гардид.

Тавре рассоми тоҷик Зокир Собир ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими Абдуқаҳҳор хабар дод,  довталабон мусаввараҳои худро аз гӯшаву канори сайёра барои иштирок ба ин озмун ирсол намуданд. Озмун дар се марҳила баргузор шуда, даври ниҳоии он 27 декабр ҷамъбаст карда шуд. Аз миёни шумораи зиёди иштирокчиён рассоми мумтозу закинигори тоҷик Зокир Собир бо мусаввараи худ – “Дунёи маликаи абрешимӣ” соҳиби мақоми  аввал ва медали тиллоӣ гардид.

Мусаввараи “Дунёи маликаи абрешимӣ” дар асоси равияи ҷадиди “Танворизм” эҷод шуда, дар санъати нигорандагию рассомии ҷаҳон бо тобишҳои эҷодӣ ва офарандагии хос ҳамчун дастоварди ҳунарӣ шинохта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, равияҳои ихтироънамудаи наққоши шинохтаи тоҷик Зокир Собир дар таърихи  рассомии ҷаҳон равияҳои нав маҳсуб шуда, танзимгари воқеии нур ва шаклдиҳандаи асосии матоъ мебошанд. Натиҷаи аслии он эҳёи чеҳраҳо  ва образҳои воқеию тахайюлии муаллифро бозгӯ менамояд. Зеро ба шинохти муаллиф, ҷаҳон аз нур иборат буда, ҳар ҷисми мавҷуд аз танзими нур шакл мегирад. «Агар мантиқан ба масъала таваҷчуҳ шавад, ин ду равия дар санъати рассомии тоҷик дастоварди бузург маҳсуб шуда,  махсусан дар замони истиқлолияти давлатӣ  чун падидаи мондагори санъати тасвирии тоҷикон арзиш доранд. Чунки бори аввал дар таърихи рассомии Тоҷикистон ва ҷаҳон ин ду равия ҳамчун сабки нави рассомӣ шинохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки рассоми тоҷик Зокир Собир миёни рассомони ҷаҳон чун муаллифи ду равияи нави рассомӣ- “Нурворизм” ва “Танворизм” шинохта шуда, соли 2015 сазовори шоҳҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар Амрико ва соли 2016 академики фахрии Академияи рассомии Федератсияи Россия гардида буд.  Муваффақияти рассоми тоҷик Зокир Собир дар Озмуни байналмилалии “Рассом ва Офарандагӣ” –и Амрико  дастоварди навбатии ин мусаввир дар охири соли 2019 мебошад.

Наққоши тоҷик Зокир  Собир ҳадаф аз эҷоди ду равияи нав — «Нурворизм» ва «Танворизм»- ро хизмат ба фарҳанги рассомии миллӣ  ва навгонӣ дар равияҳои наққошии ҷаҳон медонад, ки аз соли 2006 муаррифӣ гардида, дар озмунҳои байналмилалӣ чун равияҳои нави эҷодӣ  иштирок менамоянд ва дар Тоҷикистон, Россия ва Украина пайравони эҷодии худро пайдо намудаанд.

НУРВОРИЗМ аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (нур-вор-изм, гароиш ба чизе шабеҳи нур, дорои нур, такрори нур ва он чи аз нур таркиб меёбад) гирифта шуда, нигоҳи хос ба воқеият мебошад.

Нурворизм —  равияи танзимкунандаи физикии нур мебошад, ки ба фазо омезиш хӯрда, нахуст дар мафкура тавлид мегардад ва пасон дар дохили образ ва дар шакли асар мезияд. Он метавонад бо ҳар сабки мавҷудаи  ҳунар мувофиқат кунад. Нурворизм дар  мусаввараҳои монументалӣ, ороиши театрӣ ва либос ба кор бурда шуда, татбиқи худро дар санъати меъморӣ интизор аст.

ТАНВОРИЗМ аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (тан-вор-изм,  гароиш ба он чӣ дар шакли номуайянӣ қарор дорад, монанди матоъ ё ҷомавор) гирифта шуда, моҳияти табиат, анвои андеша, идея ба шаклу намои мухталиф дорад, ки мо ҳамарӯза онро дар шакли либос, парда, рӯйҷо мебинем.

Танворизм ҳастии дунёро ҳатто дар он ҷузъҳое, ки ба чашми инсон нонамоёнанд, боз мекунад. Инъикоси дунёи ботинии инсон ва ашёро, ки дар матоъ нуҳуфтааст, бо андак танзим ҳувайдо ва муаррифӣ мекунад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 30, 2019 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид
ПАЁМИ ҲУВИЯТСОЗИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба 700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Нахустин шумораи маҷаллаи «Навиди илм» ба нашр расид
Бахшида ба 570-солагии рассом Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
Филми бадеии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» дар Теҳрон рӯнамоӣ гардид
Бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент дар мавзуи «Рӯдакӣ ва эҳёи фарҳанги тоҷикон» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Дар Маркази инноватсионии Чину Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ коргоҳи истеҳсоли маводи доруворӣ ба истифода дода шуд
«РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ». Дар Бӯстон ба ифтихори бунёдгузори адабиёти тоҷик озмун доир гардид
ВАРО БУЗУРГИЮ НЕЪМАТ ЗИ ОЛИ СОМОН БУД. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ