Дипломати чинӣ: «Тоҷикистон яке аз аввалин мамлакатҳое мебошад, ки ташаббуси таъсиси «Як камарбанд, як роҳ»-ро дастгирӣ намуд»

Декабрь 2, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 02.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон яке аз аввалин мамлакатҳое мебошад, ки ташаббуси таъсис додани «Як камарбанд, як роҳ»-ро дастгирӣ намуд ва дар ин доира ҷонибҳо як қатор лоиҳаҳои муҳими муштаракро  амалӣ намуданд. Ин нуктаро собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин, ки ҳоло дар Вазорати корҳои хориҷии Чин фаъолият дорад, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Юе Бин имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳузури роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба «Бунёди муштараки «Як камарбанд, як роҳ» миёни Тоҷикистону Чин ва рушди минбаъдаи он» сухан карда, робитаҳои гуногунҷанбаи ду мамлакатро қобили дастгирӣ номид.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон нахустин шуда, моҳи сентябри соли 2014 зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ дар таъсиси якҷояи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим»-ро ба имзо расонид.

Мувофиқи санади мазкур ҳадафи асосии татбиқи ин ташаббус амалӣ гардонидани мақсадҳои рушди стратегӣ, барқарор намудани муколама ва муносибатҳо оид ба стратегия, нақша ва сиёсатҳои рушд, таҳияи ҳамкории инвеститсионӣ ва тиҷоратӣ-иқтисодӣ, баррасии тарз ва усулҳои пеш бурдани ҳамкории амалӣ ва мутақобила, дастрасӣ ба ҳамкории иқтисодии муштарак ва манфиатҳои дуҷониба муайян шудааст.

«Ҳадафҳои ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» бо «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мутобиқат менамояд», — афзуд мавсуф.

Зимнан, моҳи сентябри соли 2015 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи бузурги «Бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим» ҳамаҷониба мусоидат намуда, ин амалро бо 3 ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон — таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳонидани мамлакат  аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамоҳангу ҳамқадам хоҳад кард».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадаф ва мақсадҳои ташаббуси роҳбарияти Чин чандин маротиба сухан карда, онро қобили дастгирӣ номиданд.

Аз ҷумла, моҳи  апрели соли равон Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигорони ВАО-и Чин изҳор доштанд, ки ташаббуси роҳбари Чин «Камарбанд ва роҳ» метавонад ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат намояд.

«Аз нигоҳи ман, ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» кишварҳоямонро ба як  нақшаи  умда ва бузург мепайвандад ва ин нақша метавонад ба татбиқи як зумра ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла тавсеаи иқтидори транзитии мо мусоидат кунад. Илова бар ин, ин ташаббуси роҳбарияти Чин метавонад ба мамлакати мо, ки ба баҳр дастрасӣ надорад, дар таъмини дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат намояд», — гуфта буданд Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон.

Дипломати чинӣ зикр намуд, ки Чин яке аз бузургтарин сармоягузорон ва сеюмин шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад.

«Дар доираи таъсиси ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» бо дастгирӣ ва кумаки Чин як қатор лоиҳаҳои муштараки дуҷониба амалӣ гардиданд. Ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ рушд ёфта, робитаҳои муштарак дар соҳаи маориф мавқеи сифатан нав касб намуданд», — гуфт собиқ Сафири Чин дар Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» моҳи сентябри соли 2013 аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии  Чин Си Ҷинпин дар Қазоқистон ироа гардид. Айни замон дар доираи ин ташаббус Чин бо зиёда аз 169 кишвари дунё ва созмонҳои байналмилалӣ санадҳои ҳамкорӣ имзо кардааст.

Ташаббуси роҳбарияти Чин «Як камарбанд, як роҳ» лоиҳаҳои «Камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи абрешим» ва «Шоҳроҳи абрешими баҳрии асри XXI»-ро  дар бар мегирад. Он баимзорасонии ёддоштҳои тафоҳуми дуҷонибаро оид ба ҳамкорӣ бо давлатҳои воқеъ дар хатсайрҳои нақлиётии Авруосиё (аллакай 40 санад ба имзо расидааст), ки қад-қади онҳо «долонҳои рушди иқтисодӣ» бунёд мешаванд, пешбинӣ мекунад.

Декабрь 2, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид