Иштирокдорони мусоҳиба-сафари «Таассурот дар бораи Чин ва бунёди муштараки «Як камарбанд — як роҳ» дар Гуанчжоу ҷамъ омаданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2019. /АМИТ Ховар/. Рӯзноманигорон аз давлатҳои иштирокчии ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ» бо мақсади ширкат дар як мусоҳиба-сафар таҳти унвони «Таассурот дар бораи Чин ва бунёди муштараки ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» дар шаҳри Гуанчжоуи музофоти Гуандун (ҶМЧ) қарор доранд. Тоҷикистонро дар ин сафар сармуҳаррири ҳафтаномаи «Народная газета» Маҳбуба КАМОЛОВА ва хабарнигори пешбари АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР муаррифӣ мекунанд (ДАР АКС).
Ҳадафи ташкили сафар таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи матбуот миёни давлатҳоест, ки ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ»-ро дастгирӣ менамоянд.
Дар назар аст, ки зимни сафар иштирокдорон аз минтақаи Гуандун — Ҳонконг — Макао ва минтақаи марказии Роҳи баҳрии абрешими асри 21 дар музофоти Гуандун ва Футсзиан боздид кунанд.
Бояд зикр кард, ки Гуанчжоу, ки қаблан чун Кантон маъруф буд, пойтахти музофоти Гуандун, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, таълимӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва нақлиётии тамоми ҷануби Чин мебошад.
Гуанчжоу бо аҳолии беш аз 14 миллион нафар пас аз Шанхай ва Пекин сеюмин шаҳри бузург дар Чин аст.








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






