Кӯлоб: афзоиши истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагии моҳипарварии «Зеҳнӣ»

Декабрь 12, 2019 09:08

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии моҳипарварии «Зеҳнӣ» дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи минтақаи Кӯлоб ҳамасола истеҳсоли моҳиро зиёд менамояд. Ба гуфти масъулини ҷамоати деҳот, хоҷагидорон барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии хоҷагӣ ва фароҳам овардани шароити истироҳат барои сокинон дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин мавзеъ истироҳатгоҳ ташкил намудаанд. Дар он меҳмонону сокинони шаҳр метавонанд дар ҳама фасли сол бо шаст моҳидорӣ намуда, вақти холии хешро бофароғат гузаронанд.

Ин хоҷагӣ низ чун дигар хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳри Кӯлоб аз надоштани замини кишт барои тайёр кардани хӯроки моҳӣ мушкилӣ мекашад. Ҳар сол барои парвариши як моҳӣ аз  8 то 10  сомонӣ хӯрокӣ харидорӣ мекунанд, ки ба буҷети хоҷагӣ зарари калон меорад. Дар ҳавзҳои ин хоҷагӣ се намуди моҳӣ парвариш карда мешаванд.

Бо тавсияи мутахассисон, шурӯъ аз моҳи март моҳича харида, дар ҳавзҳо парвариш мекунанд ва моҳҳои ноябр-декабр онро ба савдо мебароранд. Имсол хоҷагии Зеҳнӣ нақшаи дурнамои истеҳсоли моҳиро иҷро кард. Соли оянда моҳипарварон мақсад доранд ин нишондиҳандаро ба ду баробар расонанд.

Қабули барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи моҳипарварӣ ва додани имтиёзҳо ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ солҳои охир ҳавасмандии онҳоро зиёд кардааст. Ин аст, ки дар шаҳру ноҳияҳо шумораи хочагиҳои моҳипарвар афзоиш ёфта, дастрасии сокинонро ба гӯшти парҳезии моҳӣ таъмин менамояд.

Дар ҳамин замина, моҳипарварони минтақаи Кӯлоб дар таъмини сокинони мамлакат бо гӯшти парҳезӣ, алалхусус гӯшти моҳӣ ва коҳиш додани воридоти ин маҳсулот аз хориҷи мамлакат худро саҳмдор медонанд. Бинобар ин, барои расидан ба ин мақсад хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ки соҳиби имтиёзҳои зиёд шудаанд, майдони ҳавзҳои моҳиро зиёд карда, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш медиҳанд.

Декабрь 12, 2019 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд