Олими тоҷик дар машварати техникӣ оид ба масъалаҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Вена ширкат намуд

Декабрь 13, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Машварати техникӣ оид ба масоили  истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои муоширати  оммавии ҷонибҳои манфиатдор доир ба  технологияҳои атомӣ 12 декабр дар қароргоҳи Агентии Байналмилалии неруи Атом дар Вена (Австрия) ба анҷом расид. Дар машварат зиёда аз 120 намоянда аз 66 мамлакати ҷаҳон-олимони соҳаи физикаи ҳастаӣ, ки мутахассисони соҳаи технологияҳои муосири шабакавии рақамианд, иштирок намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Институти  физика ва техникаи  ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Шокир, ки дар машварат иштирок дошт, хабар дод.

Тибқи гуфтаҳои директори Институти физика ва техника, дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо мурури афзоиши теъдоди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамоми дунё мутобиқан  таъсири эҳтимолии он низ  меафзояд. «Мувофиқи  маълумоти расмии Агентии Байналмилалии WeAreSocial, ки ба пажӯҳиши расонаҳои иҷтимоӣ (https://wearesocial.com) тахассус ёфтааст, соли 2019 шумораи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон беш аз 3,5 миллиард нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 тахминан 10% зиёд аст» ,- гуфт Фарҳод Шокир.

Ҳадафи асосии машварат  навсозии Веб- платформаи  нави  таҳиянамудаи МАГАТЭ оид ба абзори коммуникатори ҳастаӣ ((Nuclear Communicator’s Toolbox) гардид.

Дар машварат дар асоси   мисолҳои мушаххас усулҳои истифодаи самараноки  шабакаҳои иҷтимоӣ дар бахши истифодаи осоиштаи технологияи ҳастаӣ  ва нақши калидии онҳо дар ҳаёти ҷомеаи муосир муфассал  баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои кори 5-рӯзаи олимону мутахассисон ақидаҳо ва хулосаҳои ба дастовардаи коршиносон дар навсозии маҷмӯи асбоби коркарднамудаи «Nuclear Communicator’s Toolbox» истифода мешаванд.

Паёми асосии ҷаласа ба  иттилои халқҳои тамоми кишварҳо расондани иқтидори бузурги сулҳҷӯёнаи технологияҳои ҳастаӣ: дар соҳаи тиб, ташхис ва табобати  саратон; дар саноати хӯрокворӣ, бо усули  комилан бехатар безараргардонии маҳсулоти хӯрокворӣ;  дар соҳаи кишоварзӣ  бетаъхир  мутобиқ шудан  ба тағйирёбии иқлим барои  зироати кишоварзӣ, заминдорӣ  ва ғайра буд.

Ҳамчунин медиахештэги иҷтимоии  дар ҷаҳон маъруф дар шабакаи иҷтимоии  «Lets Talk Nuclear», ки маънои   асосии он даъват ба гуфтугӯи ошкоро ва васеи  бидуни хурофот дар бахши усулҳои муосир ва пурсамари  истифодаи осоиштаи технологияи ҳастаӣ ба нафъи ҷомеа мебошад, муаррифӣ гардид.

Дар машварат аз кишварҳои ИДМ олимони Россия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Иштирокчиёни дигари ҷаласа  тақрибан аз кишварҳои Осиё, Амрико, Африка, Аврупо ва инчунин аз Австралия буданд.

Декабрь 13, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад