Олими тоҷик дар машварати техникӣ оид ба масъалаҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Вена ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Машварати техникӣ оид ба масоили истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои муоширати оммавии ҷонибҳои манфиатдор доир ба технологияҳои атомӣ 12 декабр дар қароргоҳи Агентии Байналмилалии неруи Атом дар Вена (Австрия) ба анҷом расид. Дар машварат зиёда аз 120 намоянда аз 66 мамлакати ҷаҳон-олимони соҳаи физикаи ҳастаӣ, ки мутахассисони соҳаи технологияҳои муосири шабакавии рақамианд, иштирок намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Институти физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Шокир, ки дар машварат иштирок дошт, хабар дод.
Тибқи гуфтаҳои директори Институти физика ва техника, дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо мурури афзоиши теъдоди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамоми дунё мутобиқан таъсири эҳтимолии он низ меафзояд. «Мувофиқи маълумоти расмии Агентии Байналмилалии WeAreSocial, ки ба пажӯҳиши расонаҳои иҷтимоӣ (https://wearesocial.com) тахассус ёфтааст, соли 2019 шумораи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон беш аз 3,5 миллиард нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 тахминан 10% зиёд аст» ,- гуфт Фарҳод Шокир.
Ҳадафи асосии машварат навсозии Веб- платформаи нави таҳиянамудаи МАГАТЭ оид ба абзори коммуникатори ҳастаӣ ((Nuclear Communicator’s Toolbox) гардид.
Дар машварат дар асоси мисолҳои мушаххас усулҳои истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ дар бахши истифодаи осоиштаи технологияи ҳастаӣ ва нақши калидии онҳо дар ҳаёти ҷомеаи муосир муфассал баррасӣ гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои кори 5-рӯзаи олимону мутахассисон ақидаҳо ва хулосаҳои ба дастовардаи коршиносон дар навсозии маҷмӯи асбоби коркарднамудаи «Nuclear Communicator’s Toolbox» истифода мешаванд.
Паёми асосии ҷаласа ба иттилои халқҳои тамоми кишварҳо расондани иқтидори бузурги сулҳҷӯёнаи технологияҳои ҳастаӣ: дар соҳаи тиб, ташхис ва табобати саратон; дар саноати хӯрокворӣ, бо усули комилан бехатар безараргардонии маҳсулоти хӯрокворӣ; дар соҳаи кишоварзӣ бетаъхир мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим барои зироати кишоварзӣ, заминдорӣ ва ғайра буд.
Ҳамчунин медиахештэги иҷтимоии дар ҷаҳон маъруф дар шабакаи иҷтимоии «Lets Talk Nuclear», ки маънои асосии он даъват ба гуфтугӯи ошкоро ва васеи бидуни хурофот дар бахши усулҳои муосир ва пурсамари истифодаи осоиштаи технологияи ҳастаӣ ба нафъи ҷомеа мебошад, муаррифӣ гардид.
Дар машварат аз кишварҳои ИДМ олимони Россия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Иштирокчиёни дигари ҷаласа тақрибан аз кишварҳои Осиё, Амрико, Африка, Аврупо ва инчунин аз Австралия буданд.








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






