РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОН… Дар Сангвор масъалаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасониро ба сайёҳон муҳокима намуданд

Декабрь 19, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 19.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар ҳамоиш роҳбарияти Кумита, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва масъулини сохторҳои марбутаи соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, ҳунармандон ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат варзида, роҳҳои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳонро муҳокима намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва будубоши сайёҳони хориҷӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид, ки ҳавасмандии аҳолиро барои бунёди иншооти нав зиёд намуд.

Таъкид гардид, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда мақомоти маҳаллӣ бояд фаъолияти самараноки марказҳои хизматрасонии сайёҳиро мавриди таваҷҷуҳ хосса қарор дода, маводи таблиғотиву иттилоотӣ бо забонҳои гуногуни хориҷӣ таҳия ва таълиф карда шуда, фитта ва руқъаҳои ҷолиби сайёҳӣ бештар таблиғу ташвиқ карда шаванд.

Барои таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири сарироҳии беҳдоштию санитарӣ ва маишию техникӣ, аломатҳо ва нишонаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муҳим мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия умр ба сар мебаранд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экосайёҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, моҳигирӣ ва шикор мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин табиат ва иқлими ноҳия барои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию кӯҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад.

Дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳунармандон дар намоишгоҳҳи сайёҳию ҳунармандӣ ва барномаҳои гуногун иштироки фаъолона доранд.

Декабрь 19, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд