Шамсиддин Орумбекзода дар рӯзи аввали Конфронси вазирони фарҳанги мамлакатҳои ИСЕСКО сухан гуфт

Декабрь 18, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17 декабр дар шаҳри Туниси Ҷумҳурии Тунис 11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) оғоз гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ширкат дорад.

Тавре аз корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Убайдуллозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар рӯзи аввали баргузори конфронс  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз дошт, ки «97 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли исломанд. Давлати мо  бо Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) ва дар маҷмӯъ бо ҳама созмонҳо ва иттиҳодияҳои динӣ ҳамкории зич  дошта, пайваста мекӯшад, то муносибатҳоро дар доираи ҳамкории судманд бо ин созмонҳо ҳарчи бештар таҳким ва густариш бахшад».

Ҳадафи асосии конфронси мазкур таъмини ҳамбастагӣ ба ислом ва ба шакли мувофиқу муосир даровардани он мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар конфронс Раиси Созмони ҳамкории исломӣ  Юсуф бин Аҳмад Ал Ҳусайнӣ, директори генералии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои  илм,  маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО)  Салим Муҳаммад Ал-Малик, Вазири умури фарҳанги Ҷумҳурии Тунис  Муҳаммад Зайн Ал Абидин ва дигар намояндагони кишварҳо иштирок доранд.

Шамсиддин Орумбекзода  ҳамчунин доир ба арзишҳои исломӣ иброз андеша намуда, гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва демократӣ буда, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар он пурра ба роҳ монда шудааст. Мутобиқ ба Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон озодии виҷдон  волоият дошта, ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад муносибати худро ба дин мустақилона муайян созад, алоҳида ва ё дар якҷоягӣ бо дигарон динеро пайрав бошад ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ ширкат варзад».

Маҳз ҳамкории густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин созмони бонуфуз буд, ки пойтахти мамлакати мо — шаҳри Душанбе  «Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2010» эълон гардид. Имсол дар 11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО)   «Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО шаҳри Тунис» эълон гардид.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ таъкид намуда буданд, «зуҳуроти фалокатбори терроризму экстремизм ба дини мубини Ислом ҳеҷ умумият надорад. Пешвоёни ин зуҳурот ва ҳаракатҳо бо истифода аз номи дини Ислом ғаразҳои ҷангҷӯёнаи худро амалӣ карда, номи мубораки ин динро доғдор менамоянд, ҳол он ки дини Ислом сарчашмаи арзишҳои бузурги маънавӣ, аз қабили некиву саховатмандӣ, инсондӯстиву адолатпарварӣ ва илмомӯзиву таҳаммулгароӣ мебошад».

Ёдовар мешавем, ки  11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) то 19 декабр идома меёбад.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 18, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд