Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Паёми Пешвои миллатро бо мароқ тамошо намуданд
ХОРУҒ, 26.12.2019 (АМИТ «Ховар»/. Кормандони раёсат ва шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона дар толори калон тамошо карданд.
Сардори Раёсати рушди иқтисоди вилоят Латиф Шозодаев гуфт, ки “Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба таъмини пешрафти минбаъдаи соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар назди сохторҳои марбута вазифаҳои мушахас гузоштанд. Мо, сокинони вилоят аз он хушҳол шудем, ки Президенти мамлакат масъалаи таъмиру навсозии қитъаи роҳи Дарвоз- Ванҷро дар миён гузошта, изҳор намуданд, ки ба ин мақсад аз буҷети ҷумҳурӣ 2,2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Воқеан ин қитъаи роҳ хеле харобу душворгузар мебошад. Ҳарчанде ки масофаи ин роҳ ҳамагӣ 100 километр аст, аммо вақти бештари мусофирону ронандагон маҳз дар ҳамин масир мегузарад. Агар ин қитъаи роҳ навсозӣ шавад, мусофирон аз Душанбе ба шаҳри Хоруғ дар муддати 7- 8 соат мерасанд, аммо ҳоло ин масофаро дар зарфи 14 — 16 соат тай мекунанд”.
Мавсуф гуфт, ки “ҳамчунин як хабари дигари хуше, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат шунидем, ин бунёди Неругоҳи барқи обии Себзор мебошад. Барои бунёди ин неругоҳ аз буҷети ҳукумати ҷумҳурӣ зиёда аз 450 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳоло сокинони вилоят 24 соат ба барқ дастрасӣ доранд, аммо барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ниёз ба неруи изофии барқ вуҷуд дорад. Боварии комил дорем, ки сохторҳои гуногуни давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва худи шаҳрвандони мамлкат барои дар амал татбиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






