Соли 2020 филмҳои баландмазмуни миллӣ таҳияву наворбардорӣ мешаванд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии кино

Декабрь 28, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм» соли 2020 таҳияву наворбардории  4 филми ҳунарии пурра, 6 филми мустанад, 5 филми ҳунарии кӯтоҳ ва қисмҳои боқимондаи филми тасвирии «Алифбо»-ро ба нақша гирифтааст.

Дар ин бора муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб РАҲМАТУЛЛОЕВ   дар Рӯзи байналмилалии кино, ки ҳамасола 28 декабр таҷлил мегардад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК   маълумот  дод.

Фаъолияти эҷодии муассиса соли равон   аз  таҳия ва танзими филмҳои ҳунарии «Рақси зиндагӣ» ва  «Сафи домодҳо» оғоз ёфт. Нахустнамоиши филми пурраи ҳунарии «Рақси зиндагӣ» дар кинотеатри «Зебуниссо» бо иштироки доираи васеи   ҳаводорони кинои ватанӣ баргузор карда шуд. Ҳамчунин филми ҳунарию мазҳакавии  «Автобус», ки муаллиф ва коргардони таҳиягар Абдулҳай Зокиров ва филми ҳунарии «Нигоҳи ғизол», ки муаллиф ва коргардони таҳиягар Носир Раҳмон мебошанд, наворбардорӣ гардида, танзиму банду басти  филмҳои мазкур ба итмом расиданд.

Инчунин наворбардории филми кӯтоҳи ҳунарии «Инсоф» бо коргардонии Ватандор Шеров ва «Аз баландии парвоз» бо коргардонии Акмал Восидов  ба анҷом расида, барои намоиш омода гардиданд.

Филми ҳунарии «Роҳ» аз рӯйи филмномаи Сафар Ҳақдод  бо коргардонии   Носир Саидов,  филми ҳунарии «Бачаи обӣ» аз рӯйи филномаи Носир Раҳмон бо коргардонии Файзулло Файзов  ба навор гирифта шуда, банду баст ва танзими онҳо идома дорад.

Ногуфта намонад, ки имсол дар ҳамкорӣ бо кинематографистони Канада филми ҳунарӣ бо номи «Сайёҳ», ки ба ҳаёту рӯзгори мардуми водии Язғулом бахшида шудааст, рӯйи навор омада, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон манзури тамошобинон гардонида шуд.

Соли равон ҳамзамон филмҳои мустанади «100-солагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография»-и коргардон Рустам Шоазимов, «Сафарнома», «Падар»-и муаллиф ва коргардон Шарофат Арабова, «90-солагии кинои тоҷик»-и коргардон Муҳаббат Сатторӣ ва «Муроди Пешво» бахшида ба ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун»-и коргардон А. Зокиров ва «Кӯшониён- аз бостон то бӯстон»-и коргардон Маҳмадалӣ Ҳокимзода  таҳия ва омода гардидаанд.

Ҳамчунин барои таҳияву наворбардории филми мустанад бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  корҳои омодагиву омӯзиш идома доранд.

Толиб Раҳматуллоев иброз намуд, ки «мо соли равон ба бисёр дастовардҳои назаррас дар соҳаи кино ноил гардидем. Аз ҷумла, дар ин давра фаъолияти байналмилалии  муассиса  босамар гардида, Рӯзҳои кинои тоҷик  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор карда шуданд. Ин, албатта, аз таҳкими равобиту ҳамкории судманд миёни филмофарони тоҷику ӯзбек дарак медиҳад. Моҳи июни соли равон «Созишнома»-и  ҳамкорӣ бо кинематографистони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид,  ки дар доираи татбиқи ин Созишнома  ҳамкориву равобити манфиатноки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  бо   Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии мардумии Чин  таҳкиму густариш  хоҳанд ёфт».

Мавриди зикр аст, ки  баҳри таҳкими ҳамкорӣ миёни киностудияҳои кишварҳои  Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Гурҷистон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус «Созишнома»-и ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни филмофарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Гурҷистон,  Қазоқистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон ба имзо расонида шуд.

Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои Россия, Германия, Франсия, ИМА ва Туркия оид ба баргузор намудани рӯзҳои кинои ин давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мувофиқа расида, Ҳафтаи филмҳои Франсия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  баргузор карда шуд.

Охири моҳи октябр фестивали мазкур дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои сокинони шаҳри Душанбе барпо гардид. Инчунин дар доираи Ҳафтаи филмҳои Полша бо номи «Висла-7» ва филмҳои руминӣ дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  филмҳои истеҳсоли филмофарони ин давлатҳои аврупоӣ ба оммаи васеи тамошобинон намоиш дода шуданд.

Хотирнишон бояд кард, ки имсол 90-солагии кинои тоҷик бо шукӯҳ таҷлил гардида, дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи кинематографистон дар арафаи ҷашни мазкур Кинофестивали байналмилалии филмҳои мустанади  «Дидор» доир карда шуд. Ҳамчунин дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия «Ҳафтаи кинои  Россия дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Баҳри  баргузории Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар ҳамкориву шарикӣ бо сафорати Франсия дар Тоҷикистон ва Маркази  фарҳангии «Бохтар»  бо таъсиси ҷоизаи «Лолаи тиллоӣ»  Ёддошти тафоҳум     ба тасвиб расид, ки аз 25 ноябр то 1 декабри соли равон дар сатҳи баланд доир гардид. Ду филми кӯтоҳи офаридаи аҳли эҷоди Муассиса «Дӯғоб» ва «Аз баландии парвоз» дар ин фестивал соҳиби ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» гардиданд.

Ба иттилои мавсуф, барои боз ҳам тарғибу ташвиқи санъати кинои  тоҷик барои тамоми ҳаводорону ихлосмандон маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии «Кино» таъсис дода шуда, шумораҳои якуму дуюми он  дастраси хонандагон гардид. Шумораи навбатии он дар арафаи Соли нав рӯи чоп хоҳад омад.

Миёни аҳли ҷомеа оид ба он ки имрӯзҳо фазои Тоҷикистонро филмҳои давлатҳои бегона фаро гирифтаанду аз силсилафилмҳои тоҷикӣ, ки бо чандин заҳматҳо таҳия карда мешаванд, асаре нест ва ё бо теъдоди хеле кам манзури тамошобинон мегарданд, андешаҳои зиёд вуҷуд доранд.

Дар шарҳи ин масъала  муовини якуми директори «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев гуфт, ки филмҳое, ки дар  солҳои истиқлолият  офарида шудаанд, набзи  ҳаёти мардуми тоҷикро дарбар мегиранд ва дер ё зуд албатта, манзури тамошобинон мегарданд. «Мутаассифона, филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» аз ҷониби телевизионҳо барои намоиш харидорӣ намешаванд. Ҳамин аст, ки тамошобини тоҷик ба филмҳо дастрасӣ надорад. Дар кишварҳои дигар, масалан дар Россия  филмҳои истеҳсолшуда аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ харидорӣ мегарданд, то харҷи истеҳсоли он бароварда ва имконият барои офаридани филми дигар муҳайё гардад».

Бо мақсади тарбияи кадрҳои баландихтисос  ва шиносоӣ бо вазъи филмофарии ҷаҳонӣ соли равон дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» якчанд дарсҳои устоду шогирд (workshop ё худ «мастер-класс») бо иштироки кинематографистони Россия, Франсия ва Покистон доир карда шуд. Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ дар доираи Кинофестивали байналмилалии Душанбе, ки 13 то 18 апрели соли 2020 бахшида ба рӯзи пойтахт доир мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

Хушбахтона, дар доираи татбиқи  «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022»  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» техникаву таҷҳизоти муосири филмбардорӣ ба даст овард, ки барои таҳия ва наворбардорӣ зарур шуморида мешаванд.

Бояд гуфт, ки  солҳои охир санъати филмофарии тоҷик ба марҳилаи  нав ворид гардида, истеҳсол  ва мазмуну мундариҷаи филмҳо беҳтар гардидааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид