СУРАТ-ДАЛЕЛ: бонуи тоҷик Нигина Сайфуллоева барандаи ҷоизаи «GQ Super Women» гардид!
ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Москва маҷаллаи «GQ» маросими ҷоизасупории дуюмин мукофоти худ – «GQ Super Women»-ро баргузор намуд.
Дар он ёздаҳ нафар бонувон аз рӯи 10 номинатсия мукофотонида шуданд. Дар номинатсияи «Кино» ҷоиза ба коргардони кино ва сенариянавис Нигина Сайфуллоева, ки филмҳои «Хочу с тобой» ва «Шиповник», инчунин силсилафилми ҳаҷвии «Деффчонки»-ро барои шабакаи телевизиони ТНТ ба навор гирифта, муаллифи сенарияи силсилафилми драмавии «Детки» барои шабакаи телевизиони ТВ-3 мебошад, тақдим гардид.
Бонуи беҳтарин (супервумен) Нигина Сайфуллоева — зодаи шаҳри Душанбе, набераи олим ва адабиётшиноси маъруф, профессор Атахон Сайфуллоев ва духтари нависанда ва публисист Ҳафиз Сайфуллоев мебошад.









«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






