Ҳукумати Япония дар Тоҷикистон 5 лоиҳаи нав амалӣ менамояд

Декабрь 11, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 11.12.19. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 декабр дар Cафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи нав ба тасвиб расид.  Маблағи умумии грантҳо 435 940 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 

Бино ба маълумоти хабарнигори АМИТ «Ховар», созишномаҳоро Сафири Фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Миясита ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 5 шаҳру ноҳияҳо ба имзо расониданд.

Аз ҷумла, бо раиси ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода ба маблағи 89 150 доллари ИМА «Лоиҳаи сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Балҷувон», бо раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ба маблағи 90 900 доллари ИМА «Лоиҳаи барқарорсозии системаи хати гармидиҳии беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Конибодом», бо  раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба маблағи 90 000 доллари ИМА «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббии рентгени рақамӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт», бо раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода ба маблағи 90 210 доллари ИМА «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳаи Сурхобчаи ҷамоати Исмоили Сомонӣ  ноҳияи Деваштич» ба тасвиб расонида шуд.

Инчунин бо директори Беморхонаи марказии «Шифобахш» Хизматулло Шамсзода ба маблағи 75 680 доллари ИМА «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои касалиҳои чашми беморхонаи миллии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе» ба имзо расонида шуд.

Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Япония дар самтҳои мухталиф дар саросари мамлакат амалӣ гашта, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд.

Декабрь 11, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид