«Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» 2690 тонна зиёд риштаи пахтагин истеҳсол кард
ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» дар 10 моҳи соли 2019 ба миқдори 12120,1 тонна риштаи пахтагин истеҳсол кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 2690 тонна зиёд аст. Суръати афзоиш 128,5 фоизро ташкил намудааст. Саҳми корхонаи мазкур дар маҷмӯи риштаи пахтагини дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда дар ин давра 67,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора зимни ҷаласаи дуюми ситоди доимоамалкунанда доир ба масъалаҳои ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», ки 28 ноябри соли 2019 дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба фаъолияти корхона, раванди корҳои сохтмонӣ, захираи ашёи хом ва истифодаи самараноки заминҳои ба кишти пунбадона вобасташуда баррасӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур ташхисгоҳ бо дастгоҳҳои USTER фаъолият дошта, ташхиси нахи пахта ва риштаҳои пахтагин ба роҳ монда шудааст.
Маълумоти роҳбарияти корхона оид ба ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ашёи хом, пахта ва захираи он барои соли 2020 пешниҳод шуда, инчунин оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ маълумот манзур гардид.
Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи коркарди ниҳоии нахи пахта зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба истифода додани ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», ки бо шарикони чинӣ амалӣ шуда истодааст, қадами устувор дар рушди соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад. ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи ИМА, Швейтсария, Германия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 ва навбати дуюми он 5 ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин аз корҳои сохтмонии сиклҳои навбатӣ ва фаъолияти коргоҳи ресандагии корхонаи мазкур шинос шуданд.








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид






