Захираи маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 06.12.2019/ АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ аз 1 декабр фурӯши онро оғоз намуд. Имсол Иттифоқи мазкур ба миқдори 1120 тонна пиёз, 1005 тонна картошка, 150 тонна мева ва 200 ҳазор қуттии шартӣ консерваи сабзавотӣ захира намудааст. Инчунин ташкилоту хоҷагиҳои соҳа бо 960 тонна ангишт таъмин гардидаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» пас аз таъмиру тармими анборҳо, сардхонаҳо, таҷҳизоту инвентарҳо қуттию борҷомаҳоро барои маҳсулоти кишоварзӣ пурра омода намудааст.
Бояд гуфт, ки Иттифоқи Тоҷикматлубот 29 марти соли 2019 Қарорро дар бораи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолиятӣ мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» тасдиқ намуда буд.
Ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он барои сокинони мамлакат Ситод оид ба ҳамоҳангсозии корҳо дар ҳайати 11 нафар бо роҳбарии раиси Раёсат ташкил гардид.
Бояд тазаккур дод, ки мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо дарназардошти ин, дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолии соҳа мо метавонем худро бо маҳсулоти ғаладонагӣ, меваю сабзавот, гӯшту шир ва дигар намудҳои озуқа таъмин намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 чунин иброз дошта буданд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем».
Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ тамоми кӯшиши худро барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва пурнозу неъмат гардонидани дастурхони аҳолӣ равона намудаанд.
Мавсуф иброз дошт, ки «таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат эълон карда шудааст. Аз ин рӯ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифат тамоми тадбирҳоро меандешад».
Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то охири моҳи октябр дар мамлакат ба миқдори 565 ҳазору 688 тонна картошка, 470 ҳазору 868 тонна пиёз, 40729 тонна карам, 198 ҳазору 425 тонна помидор, 84286 тонна бодиринг, 103 ҳазору 219 тонна сабзӣ, 215826 тонна мева, 100 435 тонна ангур ва 456 425 тонна полезиҳо ҷамъоварӣ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.
Яке аз сабабҳои серҳосилӣ самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агротехникаи парвариши зироати кишоварзӣ мебошад.
Тавре муовини сардори Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилҷон Ҳамидов иброз дошт, «хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти озуқаворӣ дар айни замон фаъолияти пурсамар доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол меафзояд. Агар соли 1991 истеҳсоли зироати ғалладонагӣ 304,4 ҳазор тоннаро ташкил медод, соли 2018 он ба 1 млн 295 ҳазор тонна расид».
Масъулинро мебояд барои зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ дар соли оянда аз имрӯз тадбир андешанд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад
Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид






