Ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 5400 адад китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ворид гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳои Тоҷикистон, ки муаллимон аз Федератсияи Россия дар онҳо се сол боз фаъолият доранд, китобҳои дарсӣ ва бадеӣ бо забони русӣ супорида шуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов гуфт, ки тақдими китобҳо дар ҷавоб ба хоҳиши омӯзгороне, ки дар кишвари мо кор мекунанд, сурат гирифт.
5400 китоби дарсӣ ба 9 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳо расонида мешавад. Масалан, танҳо ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1100 китоби дарсӣ фиристода мешаванд.
Китобҳо ба ҷумҳурӣ тавассути Намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикистон ворид гардиданд. Соли гузашта 10 ҳазор китоби дарсӣ дастрас шуда буд.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон 38 омӯзгор аз Россия фаъолияти корӣ доранд.
Ба назари Светлана Кабанова, омӯзгори забон ва адабиёти рус аз Федератсияи Россия, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 – и шаҳри Ваҳдат кифоя набудани китобҳои дарсӣ бо забони русӣ мушкилоти ҷиддии таълим барои омӯхтани ин забон аст. «Тақдими адабиёти бадеӣ мояи хушнудист. Дар пойтахт масъалаи таъмин намудан бо китоб мушкил надорад, аммо дар шаҳрҳои хурд ин душворӣ эҳсос мешавад. Агар кӯдакон китоби бадеӣ хонда, маънии онро дарк кунанд, ин ба инкишоф ёфтани нутқи онҳо мусоидат намуда, зебо ва хушоянд сухан гуфтанро меомӯзанд. Вазифаи омӯзгорон одат кунондани кӯдакон ба хондани ҳамарӯзаи китоб мебошад»,- зикр намуд С. Кабанова.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






