Дар Пекин таҳти унвони «TOUR – PORTRAIT» намоиши санъати чеҳранигорӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 02.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи санъати Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «TOUR – PORTRAIT» бо иштироки давлатҳои аъзои СҲШ (ШОС) намоиши санъати чеҳранигорӣ ифтитоҳ гардид, ки то 20 марти соли 2020 идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, намоиши мазкур 28 декабри соли 2019 кушода шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода иштирок намуда, сухан гуфт.
Мавриди зикр аст, ки дар ин намоиш асарҳои 14 нафар мусаввири тоҷик, аз ҷумла рассомони халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарипов, Юсуф Сангов, арбобони ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Фаррух Хоҷаев, Акмал Миршакаров ва дигарон ба маъраз гузошта шудааст.
Ёдрас мешавем, ки намоиши мазкур асарҳои рассомони тоҷикро ба аҳли фарҳангу санъати тасвирии ҷаҳон муаррифӣ менамояд.










Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






