Дар Вазорати фарҳанг натиҷаҳои фаъолияти соли 2019-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соли 2019-ро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ дар ҷаласа Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, мушовири бахши ёрдамчии Президент оид ба масоили кадрӣ Меҳрӣ Гуломшоева, аъзои ҳайати мушовара, роҳбарони раёсату шӯъбаҳо ва муассисаҳои зерсохтори вазорат, намояндагони бахш ва шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа бурду бохти соҳа дар соли 2019, вазъи воқеии ёдгориҳои таърихию фарҳанги, «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019», нақшаи фаъолият оид ба самтҳои афзалиятноки пешбурди соҳа дар соли 2020 ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода доир ба дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнвораҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2020 ибрози назар намуда, низомномаҳои чанд ансамбл, аз қабили «Низомномаи намунавии ансамблҳои оилавӣ», «Низомномаи намунавии ансамблҳои рақсӣ», «Низомномаи намунавии ансамблҳои тарона ва рақс» ва «Низомномаи намунавии ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ»-ро ба баррасии аъзои ҳайати мушовара пешниҳод намуд.
Ҳамчунин ба чанд нафар ҷавонон ва фаъолони соҳа, ки дар соли гузашта дар чорабиниҳои байналмилалӣ фарҳангу санъати тоҷикро муаррифӣ намуданд сипоснома ва мукофоти пулӣ супорида шуд. Аз ҷумла, Чоршанбе Аловатов, Рухшона Умарова, Афзалшоҳ Сафарзода, Фарзона Назарова, Муҳаммад Шарифзода, Ансамбли рақсии кӯдаконаи «Зебо», Ансамбли фолклории «Помир»-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Театри давлатии мазҳакавӣ мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии драмаи ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом ва дигарон, ки дар соли гузашта дар ҷашнвораву озмунҳои байналмилалӣ ғолибият ба даст оварданд, қадр гардиданд.










Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






