Кормандони милитсияи Хатлон бо ҷавонон масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷинояткориро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Мансур Бухоризода бо ҳайати шахсии Раёсати мазкур, сардорони шуъбачаҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, масъалаҳои ҷалб гардидани баъзе шахсони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи худшиносӣ, зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ дар замони муосир ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ байни ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода иброз дошт, ки нигоҳ доштани субот дар ҷомеа ва пешгирии ҷинояткорӣ на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки рисолати аҳли ҷомеа аст.
Номбурда таъкид намуд, бахусус ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат мебошанд, бояд дар ҳамкорӣ бо милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷиноятҳо пешсаф бошанд. «Мо бояд барои нигоҳ доштани дастовардҳои беназири мамлакат – сулҳу ваҳдати миллӣ, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчунин ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ бо дарки баланди масъулият фаъолият намуда, ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем»,- афзуд номбурда.
Сипас сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Мансур Бухоризода зикр кард, ки дар фаъолияти милитсия алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нақши ниҳоят муҳим дорад.
Мавсуф таъкид кард, ки аз ҷониби роҳбарияти ВКД нафароне, ки саҳми худро дар пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мегузоранд, ба кормандони милитсия кумак мерасонанд, пайваста қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар вохӯрӣ маърӯзакунандагон доир ба содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили терроризму экстремизм, оворагардӣ, дуздиву ғоратгарӣ, махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани далелу рақамҳо ибрози андеша карданд.
Аз ҷумла, зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳашт сол қабл бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардид. Ҳадаф аз он пешгирии ҷинояткориву бадахлоқӣ дар байни кӯдакону наврасон, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия ва масъулияти волидайн дар ин самт аст.
Тавре Пешвои миллат иброз дошта буданд, «мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд.
Зимни ибрози андеша, гуфта шуд, ки то қабули қонуни мазкур баъзе аз волидайн ҳатто намедонистанд, ки фарзандони онҳо ба мактаб мераванд ё не. Вақти холигиро дар куҷо, бо киҳо мегузаронанд ва чӣ гуна ахлоқ, одобу таҳсил доранд. Ин ҳамаро кори мактабу омӯзгорон медонистанд. Фарзандони онҳо то нисфи шаб дар интернет-кафеҳо ба бозиҳои гуногуне, ки ба тарбияи онҳо таъсири бад мерасонид, машғул мешуданд, ки дар натиҷа миёни онҳо низоъ ва занозанӣ сар мезад. Шабҳо дар кӯчаҳо овора гаштани кӯдакон зиёд ба назар мерасид. Аксари волидайн ба маҷлиси падару модарони фарзандон намеомаданд. Натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии баъзе аз падару модарон он шуд, ки фарзандони онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, ҳаёти худро зери хатар гузошта, ба оила иснод оварданд.
Қабули қонун, хушбахтона, он ҳама бетартибиро аз байн бурд. Падару модарон ҳам дарк намуданд, ки онҳо дар баробари мактаб ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулият эҳсос намоянд. Таҷриба низ нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон кӯдаконе ба таҳсил эътибори ҷиддӣ дода, соҳиби ахлоқ ва дониши хуб мегарданд, ки зери назорату раҳнамоии ҳамешагии ҳам мактаб ва ҳам волидайн қарор доранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ якчанд нафар ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон аз саҳму дастгирӣ дар баргузории чорабиниҳо байни ҷавонон, мулоқотҳои судманд зимни сафарҳои гурӯҳи ҷавонон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар вилояти Хатлон миннатдорӣ намуданд.








Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
Дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ 11 нафар ба ҳалокат расид
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд
Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд






