Нозирони ИКАО дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе санҷиши бехатарии амнияти авиатсионӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) дар соли 2019 ба зиёда аз 1422,204 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки дар қиёс нисбат ба соли 2018 81,5 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад. Ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбастии ФБД, ки бо иштироки директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, роҳбарият ва корманон доир гардид, зикр шуд.
Гуфта шуд, ки миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли гузашта 2543,0 тоннаро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба соли 2018 20 тонна зиёд аст.
Инчунин дар соли гузашта оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 485 эрод ворид шудааст, ки дар қиёс ба соли 2018 875 эрод камтар аст. Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар соли 2019-ум 952 ададро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба соли 2018-ум 276 парвоз камтар мебошад.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ зикр шуд, ки моҳи декабри соли сипаригардида дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз тарафи нозирони Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) санҷиши навбатӣ оид ба «Бехатарии амнияти авиатсионӣ» гузаронида шуд. Санҷиш нишон дод, камбудиҳое, ки дар рафти санҷиши дар соли 2011 гузаронидашуда дар бахши «Бехатарии амнияти авиатсионӣ» ошкор гардида буданд, аз ҷумла тибқи талаботи ИКАО ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии хадамоти амнияти авиатсионӣ, насби раписканҳои муосир барои муоинаи ҷиддии бору бағоҷи мусофирон дар терминалҳо, толорҳои ВИП, СИП ва гузаргоҳҳои асосии фурудгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, камераҳои видеоӣ, детекторҳои металҷӯӣ, таъмири девори иҳотавии фурудгоҳ, гузоштани чароғҳои иловагӣ пурра бартараф карда шуданд. Ин нукта дар суханронии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода низ таъкид гардид. Мавсуф барои фароҳам овардани шароити зарурии корӣ оид ба таъмини амнияти бехатарии фурудгоҳ ва мутобиқат намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ба раҳбарият ва кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» арзи сипос намуд.
Дар соли гузашта бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ ва бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басомади рейсҳои ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ дар самтҳои Қазоқистон — шаҳрҳои Нур-Султон ва Алмаато ва Россия — шаҳри Санкт Петербург зиёд карда шуд.
Аз маркази матуботи ФБД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 15 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур — «Туркиш эйрлайнз»-Туркия, «Кам Эйр»-Афғонистон, «Хатҳои ҷанубии Чин»-Чин, «Флай Дубай»-Аморати Муттаҳидаи Араб ва «Вареш Эйрлайнз»-Эрон, 8 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — «Сибир», «Ют Эйр», «Уралские авиалинии»-Россия, «Авиатрафик»-Қирғизистон, «Эйр Астана», «СКАТ» ва «Северний Ветер»-Қазокистон, «Ӯзбекистон ҳаво Йулларӣ»-Ӯзбекистон ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон — «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба амал оварда мешаванд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






