Соли 2019 дар минтақаи Кӯлоб бар асари ҳолатҳои фавқулода беш аз 10 миллион сомонӣ хисороти моддӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар» /. Соли гузашта дар минтақаи Кӯлоб 4 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, хисороти моддӣ 10 миллиону 332 ҳазору 418 сомониро ташкил додааст. Дар ин бора сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб Абӯбакр Саидзода хабар дод.
Дар ноҳияи Балҷувон дар натиҷаи борони пай дар пайи рӯзи 16 апрел сатҳи об дар дарёи Сурхоб якбора баланд гашта, сел 430 метр воситаҳои мустаҳкамкунии соҳилҳоро шуста, валангор кард, ки зарари он 1 миллиону 343 ҳазору 900 сомониро ташкил дод. Тобистон дар минтақаи Восеъ 5 бинои истиқоматӣ, 73 бинои иловагии ёрирасон ва 8,8 гектар заминҳои кишоварзӣ аз офати табиӣ зиён дида буданд. Ҳаҷми зарари расида аз 3 миллиону 377 ҳазору 491 сомонӣ иборат аст.
Ба ҷуз ин, дар деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор низ ҳолати фақулода ба қайд гирифта шудааст. 9 бинои истиқоматӣ, 121 бинои иловагии ёрирасон, 1,5 километр роҳи мошингард, 21 километр канали обёрикунанда, хатҳои интиқоли барқ, 120 гектар замини кишоварзӣ зарар диданд. Ҳаҷми зарари расида 4 миллиону 846 ҳазору 672 сомониро ташкил дод.
Дар минтақаҳои мазкур барои ҳамаи осебдидагон биноҳои нави истиқоматӣ сохта шуда, инфрасохтор барқарор гардид.
«Айни ҳол дар минтақаи Кӯлоб аз нуқтаи назари ҳолатҳои фавқулода 222 макони хавфнок вуҷуд дорад, ки 13-тои он ниҳоят пурхатаранд. Ҳамаи минтақаҳои хатарнок зери назорати доимӣ қарор доранд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамеша омодаанд, ки ба аҳолӣ дар ҳар лаҳзаи шабонарӯз кумак расонида, ҳолатҳои фақулодаро рафъ созанд», — зикр намуд Абӯбакр Саидзода.
Акс аз бойгонӣ








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






