«ТАРОНАИ ВАҲДАТ» — таҳти ин унвон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс доир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ» Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақсро таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» доир менамояд.
Тавре сармутахассиси Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Иброҳимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ соли 2020 дар мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» дар ду давр баргузор карда мешавад.
Ҳамчунин дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразм тасдиқ гардида, шуъбаҳо, сарраёсату раёсатҳо, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо вазифадор гардидаанд.
Инчунин ба ниҳодҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни мазкур аз аввали сол тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бино ба иттилои манбаъ, Вазорати фарҳанг барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни мазкур ва Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс, даври якуми онро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ моҳҳои март- май доир менамояд. Даври дуюми он моҳи июни соли 2020 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардид. 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи «Мероси фарҳанги умумибашарӣ» шомил шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид






