«БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ». Бо ин мақсад дар Тоҷикистон олимпиадаҳои фаннӣ ба номи Умари Хайём, Ал-Хоразмӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва ғайраҳо гузаронида мешаванд

Февраль 20, 2020 09:58

ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо олимпиадаҳои фанҳои дақиқ роҳандозӣ мегарданд. Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатиашон 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор карда шуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.

Яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳаракати олимпӣ нигаронида шуда, барои фаъолияти пурсамари раванди мазкур дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд.

Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Хуршедшо Каримов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба баргузории олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ,  бахусус олимпиадаҳо аз рӯи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар мамлакат чунин гуфт:

-Айни ҳол дар ҷумҳурӣ дар баробари олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ- гуманитарӣ олимпиадаҳои зерин, аз қабили олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, аз  фанни технологияи иттилотӣ ба номи Ал- Хоразмӣ, аз  фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ, аз фанни биология ба номи Абӯалӣ Сино, аз фанни география ба номи Носири Хусрав, олимпиадаи даставӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, даставии хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, олимпиадаи лоиҳавӣ-ихтироъкорӣ «INTEX» ва оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор  мегарданд.

Ба гуфти номбурда, қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 Дар бораи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» дар самти ташаккули ҳаракати олимпии мамлакат  нақши муҳим мегузорад.

Тибқи санади мазкур дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил карда шудаанд. Бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ташкил гардида, марказҳои мазкур барои дарёфти хонандагони лаёқатманд ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, алалхусус, дар мактабҳои Президентӣ, гимназия ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат, ки дарёфт ва рушди хонандагони лаёқатмандро таъмин менамоянд, корҳои назаррас ба иҷро мерасонанд.

Ҳамчунин марҳила ба марҳила бо ҷалби омӯзгорони варзида ва ботаҷриба гузаронидани даврҳои интихобии олимпиадаҳо аз фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва ташкил намудани дарсҳои иловагию корҳои лабораторӣ ҷиҳати боло рафтани сатҳи дониши хонандагони болаёқат дар вусъати ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва шинохти истеъдодҳо ва ба ин восита дар оянда муайян намудани захираҳои зеҳнӣ мусоидат менамояд.

Номбурда иброз медорад, ки таъсиси марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкили синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ дар марказҳо қисман иҷро гардида, бо қарори раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 71 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил шудааст, ки  650 маҳфили фаннӣ ва бахшҳои фарҳангию маърифатиро дар бар гирифта, дар онҳо 9610 нафар хонанда фаро гирифта шудаанд. Дар бештари ноҳияҳо машғулиятҳо аз фанҳои таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимие, ки таҳсил дар онҳо дар як баст ба роҳ монда шуда, дорои озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои компютерӣ мебошанд, доир карда мешаванд.

Инчунин Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар таҳкими ҳаракати олимпӣ ва  дарёфту  рушди истеъдодҳо мунтазам тадбирҳои судманд андешида, барои ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба гуфти Хуршедшо Каримов, роҳандозии ҳарчи бештари озмун ва олимпидаҳои фаннӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба раванди ҳаракати олимпӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Агар соли 2010 дар ҷумҳурӣ танҳо 1 олимпиадаи фаннӣ бо иштироки 943 нафар хонанда ташкил ва баргузор мегардид, пас ин шумора соли 2016 ба 4 олимпиада бо иштироки 1164 нафар расид. Имсол баргузории 21 озмун ва олимпиада бо иштироки бештар аз 2500 нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки хонандагони мамлакат дар баробари мувафаққиятҳои олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Агар соли 2011 шумораи дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат 96 ададро ташкил диҳад, пас ин шумора соли 2016 ба 133 адад расидааст. Соли 2019 хонандагони мамлакат  дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, ИМА, Исроил, Венгрия, Англия, Ӯзбекистон, Франсия, Африқои Ҷанубӣ, Озарбойҷон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 медали тилло, 66 медали нуқра ва 118 медали биринҷӣ гардиданд.

Февраль 20, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд
ИСТАРАВШАН – «ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Ва ё шаҳре, ки ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд
БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад