Данғара мизбони Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ мегардад

Февраль 26, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 март  дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Фестивали фарҳангии ҷавонони  хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» доир мегардад. Фестивали мазкур дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  баргузор шуда, дар он беш аз 300 нафар ҷавонон аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Каримҷон Салимзода хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ соли дуюм аст, ки аз ҷониби маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он  мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар, ташаккули ҳисси ватандӯстии ҷавонон  ва тақвият додани  ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам  мебошад.

Фестивали фарҳангии ҷавонон аз бахшҳои мухталиф иборат буда, дар он рақсу тарона ва сурудҳои дилнишин бо забонҳои гуногун  қироат карда мешаванд. Дар барномаи он ҷавонони хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ суруд месароянд.

Инчунин ҳайати иштирокчиён аз шаҳри Норак, мавзеъҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, таърихӣ ва Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара дидан мекунанд.

Февраль 26, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид