Дар Чин ба қурбониёни мубориза бар зидди COVID-19 унвони «қаҳрамонони фавтида» дода мешавад

Февраль 19, 2020 12:01

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чин санаде ба нашр расонид, ки ба кормандони соҳаи тиб ва дигар гурӯҳи шахсони фавтида дар мубориза бар зидди  эпидемияи илтиҳоби шуш, ки дар натиҷаи хуруҷи намуди нави коронавирус (COVID-19) ба ҳалокат расидаанд, додани унвони «қаҳрамонони фавтида»-ро пешбинӣ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии итттилоотии «Синхуа».

Дар санаде, ки дар якҷоягӣ аз ҷониби Вазорати кор бо собиқадорони Ҷумҳурии Мардумии Чин  ва Идораи сиёсии Шӯрои марказии ҳарбӣ нашр шудааст, зикр гардидааст, ки ин навгонӣ шахсони фавтидаро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо нафарони гумонбаршудаи гирифтор ба вирус  ё ҳолатҳои тасдиқшудаи беморӣ, аз ҷумла ташхис, табобат, нигоҳубини бемор, назорати беморхона, ҷамъоварии намуна, муайян кардани микроорганизмҳо ва интиқоли беморҳо алоқа доштанду аз ин намуди нави коронавирус сироят ёфтаанд, дар бар мегирад.

Гурӯҳи дигари шахсоне, ки худро дар мубориза бар зидди эпидемия қурбон кардаанд, ҳамчунин метавонанд бо риояи меъёрҳои муайян бо унвони «қаҳрамонони фавтида» сарфароз гарданд, гуфта мешавад дар он.

Дар санад инчунин оид ба изҳори тасаллият ва пардохти ҷуброн ба оилаҳои «қаҳрамонони фавтида»  таъкид шудааст.

Февраль 19, 2020 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид