Дар Суғд 20-солагии Созмони хонандагонро пуршукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ маросими расмии қабул ба сафи Созмони хонандагон бо ҷалби беш аз 3 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят баргузор шуд.
Дар ҷамъомад адибони маъруф, ходимони барҷастаи давлатию сиёсӣ Аҳмадҷони Раҳматзод, Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова иштирок намуда, ба 200 нафар хонандагон галстукҳои рамзии Созмонро бастанд.
Пас аз гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва маросими тантанавии қабули аъзои фаъол ба сафи Созмони хонандагон роҳпаймоии беш аз 10 ҳазорнафараи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят таҳти унвони «Мо пайравони Пешвои миллатем!» баргузор шуд.
Роҳпаймоии мазкур аз назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, то бинои Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ идома ёфт. Дар роҳпаймоӣ аъзои фаъоли Созмони хонандагон, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Ватанпарвар», нозирони навраси Ҳаракат дар роҳ, Академияи хурди илмҳо бо як ҷаҳон ифтихор иштирок ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар саҳни Маркази ҷавонон сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода толибилмонро бо ҷашни 20-солагии Созмони хонандагон табрик намуд.
Сипас дар толори Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ маросими тақдими мукофотҳои Раиси вилоят ба ғолибони озмунҳои мухталифи вилоятию ҷумҳуриявӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба 18 нафар ғолибони озмунҳои расмкашӣ, иншо, мақола ва шеъри беҳтарин дар мавзӯъҳои сулҳу ваҳдат, «Тоҷикистон- кишвари азизи ман», озмуни ҳарбии варзишии «Ватанпарвар» дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят тақдим гардиданд. 20 нафар собиқадорон ва фаъолони соҳа сазовори Сипосномаи Раиси вилоят шуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби фаъолони Созмони хонандагон пешкаш гардид, хотири аҳли нишастро болида намуд.










Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






