ИНТИХОБОТ-2020: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 108 нафар мушоҳидони байналмилалиро аккредитатсия* намуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2020 доир мегарданд, ҷаласа баргузор намуд.
КМИР бо мақсади таъмини шаффофияти раванди омодагӣ ва ошкоро баргузор намудани интихоботи дарпешистода бо қарори худ 108 нафар мушоҳидони байналмилалиро аккредитатсия намуд.
Тибқи қарори мазкур, мушоҳидони байналмилалӣ аз мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва як қатор сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аккредитатсия карда шуданд.
Инчунин Комиссия қарор дар бораи бекор кардани қарори комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020 №4-ро дар қисми бақайдгирии номзадии А. Каримов қабул намуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пас аз ба тариқи назорат омӯхтани қарори комиссияи ҳавзавии номбурда ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи А. Каримов муайян намуд, ки ҳангоми ба қайд гирифтан синни ӯ ба 30 нарасида буд. Аз ин сабаб КМИР қарори комиссияи ҳавзавии интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020 №4-ро бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор кард.
Комиссияи ҳамчунин 2 қарор дар бораи баргардонидани гарави интихоботӣ ба шаҳрвандон З. Солиҳов ва А. Садировро, ки ҳуҷҷатҳои худро барои бақайдгирӣ ба сифати номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаҳои интихоботии Файзобод №11 ва Қубодиён №31 пешниҳод карда буданд, қабул намуд.
КМИР ба қарори худ аз 11 декабри соли 2019, №18 тағйирот ворид намуд. Ғайр аз ин, бо қарори ҳамин Комиссия шахси боэътимоди Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
_____________________________________
*Аккредитатсия – расман (бо ҳуҷҷат) тасдиқ намудани мутобиқати ин ё он шахс(он) ва ё объект(ҳо) ба стандарт ва меъёрҳои мукқарраршуда








Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






