ИНТИХОБОТ-2020. Мушоҳидони ИДМ бо кори як зумра комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ шинос шуданд

Февраль 19, 2020 12:04

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Миссияи мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мушоҳидаи ҷараёни омодагӣ ба интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон идома медиҳад. Мушоҳидони дарозмуддати Иттиҳод аз ҳавзаҳои интихоботии Бохтар, Кӯшониён, Сомонӣ, Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор дидан намуда, бо кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ситоди миссияи мушоҳидони ИДМ хабар медиҳад.

Аъзои комиссияҳои интихоботӣ ба мушоҳидон дар бораи натиҷаҳои кор оид ба саҳеҳияти рӯйхатҳои овоздиҳандагон, таълими аъзои комиссияҳои интихоботӣ ва огоҳ кардани интихобкунандагон доир ба вақт ва макони овоздиҳӣ маълумот доданд.

Намояндагони Миссия имкон пайдо карданд, ки бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба омодагӣ ба интихобот, аз ҷумла протоколҳои маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ шинос шаванд. Мушоҳидон зикр менамоянд, ки роҳбарият ва аъзои комиссияҳои интихоботӣ барои суҳбат омодаанд ва дар бораи марҳилаҳои гузаштаи маъракаи пешазинтихоботӣ маълумоти зарурӣ медиҳанд.

Ташаккули Миссияи мушоҳидони ИДМ дар арафаи анҷомёбист. Ҳуҷҷатҳои беш аз 130 мушоҳиди ИДМ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аккредетатсия ирсол карда шуданд. Онҳо намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Маҷлиси парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Россия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод мебошанд.

Февраль 19, 2020 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд