Китобхона ба назди хонанда омад. Дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ ҷевонҳои шишагини пур аз китоб гузошта шуданд

Февраль 14, 2020 16:23

ХОРУҒ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони марказӣ ва ҳар кӯчаи маҳаллаҳои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «китобхонаҳо»-и сайёри ғайриодӣ гузошта шуданд, ки таваҷҷуҳи ҳар роҳгузарро ба худ ҷалб менамоянд. Ин ҷевонҳои шишагини ғайриодиро аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Умедвор» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Помирэнерҷӣ» дар кӯчаҳои шаҳр гузоштанд.

Ба гуфтаи роҳбари ТҶ «Умедвор» Маҳмуд Раҳимбеков, “чанд соли охир дар мамлакат барои ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ва ҳам ҷавонону калонсолон ба мутолиаи китоб аҳамияти хосса зоҳир мешавад. Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва идомаи озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон- ватани азизи ман» моро водор намуданд, ки  дар амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат  нақши худро гузорем”.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки аксарияти китобхонаҳои вилоятиву шаҳрӣ дар маркази шаҳр ҷойгиранд, кӯдакону наврасон ва ҷавононе, ки дар маҳаллаҳои дур аз марказ иқомат доранд, дар лаҳзаҳои зарурӣ наметавонанд аз хизматрасонии онҳо истифода баранд. Барои аз байн бурдани ин мушкилот онҳо қарор доданд, ки дар маҳали зисташон китобхонаҳои хурди сайёр дар шакли ҷевонҳои шишагин ташкил намоянд.

“Барои татбиқи ин лоиҳа ба ширкати «Помирэнерҷӣ» муроҷиат кардем ва бо кумаки ин ширкат ҷевонҳои шишагинро бо китобҳои дарсиву бадеӣ, илмиву фарҳангӣ пур намудем. Ҳоло теъдоди ин китобҳо то ба 1500 нусха расидааст»,-иброз намуд Маҳмуд Раҳимбеков.

Як тан узви ин китобхонаи сайёр Абдураҳим Абдураҳимов, ки 5 километр дуртар аз маркази шаҳр сукунат дорад, ин иқдоми ҷавононро лоиқи таҳсин шумурда, гуфт, ки чанд бор бе ягон душворӣ ва сабти ном аз ин ҷевон китоби писандидаашро гирифта, баъди мутолиа боз онро ба ҷояш гузоштааст.

Ягона хоҳиши аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Умедвор» аз хонандагон ин аст, ки китобҳоро поку тамиз нигоҳ дошта, сари вақт бозпас гардонанд.

Февраль 14, 2020 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд