Маҳмадулло Раҷабзода: донишҷӯёни хориҷӣ таҳсилро ба ҳайси шунавандаи курси забони тоҷикӣ оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи марти соли 2019 2 шаҳрванди Мексика ва 1 нафар аз Туркия дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳсилро ба ҳайси шунавандаи курси забони тоҷикӣ оғоз намуданд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи мазкур Маҳмадулло Раҷабзода зикр намуда, илова кард, ки имрӯз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои судманд дорад.
Чунин робитаҳои судманд,- гуфт мавсуф, барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳибтахассусу забондон ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат мусоидат менамояд.
«Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада — ин робитаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Феълан дар ин муассисаи олии таълимӣ зиёда аз 13 омӯзгори соҳибзабон фаъолияти педагогӣ мебаранд ва дар ин баробар 851 нафар донишҷӯи хориҷӣ низ таҳсил доранд»-, афзуд номбурда
Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 5 факултет, аз ҷумла, филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Аврупо ва Осиё амал менамоянд, ки дар онҳо 4 ҳазору 939 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар омӯзгор ҷиҳати такмили ихтисос ва иштирок дар семинару симпозиумҳо ба Япония, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Озарбойҷон сафарбар гардидаанд.
Дар зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 8 нафар, аз ҷумла, 4 нафар дар Япония, 1 нафар дар Ҳиндустон ва 3 нафар дар Федератсияи Россия таҳсил доранд.
Ҳамзамон 10 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи созишнома, 1 шаҳрванди Қазоқистон ва 1 шаҳрванди Туркманистон тариқи бурсия донишкадаро хатм намуданд.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






