Сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар нишасти 11-уми ҳайати роҳбарикунандаи INWRDAM иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 феврал дар шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун нишасти 11-уми ҳайати роҳбарикунандаи Шабакаи байниисломӣ доир ба рушд ва мудирияти захираҳои обӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар медиҳад, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар нишасти мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.
Бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои обӣ, ки ба пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори захираҳои об саҳм мегузорад, Сафири Тоҷикистон зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфакоронаи онро таъкид намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд






