СУТ оид ба коронавирус: дар 80 фоизи ҳолатҳо беморӣ дар шакли сабук гузашта, пурра табобат мешавад

Февраль 19, 2020 11:43

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 / АМИТ «Ховар» /. Коронавируси COVID-19  дар қиёс ба эпидемияи илтиҳоби шуш SARS  ва синдроми нафасие, ки дар гузашта дар Шарқи Наздик   хуруҷ намуда буд, он қадар хатарнок нест. Дар 80% ҳолатҳо ин беморӣ дар шакли сабук идома ёфта, баъдан шахси бемор пурра сиҳат мешавад, гуфт роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Гебрейесус. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Алҳол гурӯҳи  коршиносони байналмилалӣ дар Пекин қарор дорад ва ба ҳамкасбони чинӣ дар омӯзиши коронавируси COVID-19 кумак мерасонад. Тибқи маълумоти охирин, ин беморӣ дар 14% сироятёфтагон дар шакли вазнин гузашта, 2% беморон мемиранд.

Роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  зикр кард, ки коронавирус дар  хориҷ аз Чин оҳиста паҳн мешавад ва кишварҳоро  даъват намуд, ки барои омодагӣ ба пайдоиши эҳтимолии он кумак расонанд. Бо ин мақсад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 675 миллион доллар дархост кард. «Мо ба ин маблағ фавран ниёз дорем — мо бояд аз «равзанаи имконият»-и истифодашуда истифода барем ва ба кишварҳо дар омодагӣ ба мубориза алайҳи сироят кумак намоем. Мо намедонем, ки ин «равзана» то кай  «боз хоҳад буд»,-гуфт Тедрос Гебрейесус.

Ташкилоти  Умумиҷаҳонии Тандурустӣ инчунин даъват менамояд, ки бидуни воҳима манбаъҳои маълумотро бодиққат тафтиш намоянд. Масалан, вақте дар бораи бехатарии сафар дар киштиҳои бузурги сайёҳӣ  пурсиданд, мудири ҳолатҳои фавқулодаи СУТ Майкл Райан тавсия дод, ки нақшаҳоро  дар иртибот ба хуруҷи беморӣ тағйир надиҳанд. «Агар мо тамоми хатсайри  саёҳатҳоро бо сабаби паҳн шудани кадом як эпидемия ё  беморӣ бекор кунем, ин моро ба куҷо мебарад? Қадами навбатӣ- ин боздоштани хидматрасонии автобусҳо хоҳад буд»,-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Майкл Райан, хатари муайян ҳамеша вуҷуд дорад, шахс наметавонад худро пурра муҳофизат кунад. Барои кам кардани хатар, СУТ истифодаи таҷҳизоти муҳофизати шахсиро тавсия медиҳад.

Февраль 19, 2020 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон