Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Чин аз ду ҳазор нафар гузашт

Февраль 19, 2020 11:44

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди фавтидагон аз  коронавирус дар Чин аз ду ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад хабаргузории «Казинформ» бо истинод ба Кумитаи давлатии Чин оид ба масъалаҳои тозагӣ ва тандурустӣ.

Дар тӯли як шабонарӯз (то соати 24:00-и 18 феврал) 1749 ҳолати нави сироятёбӣ  аз коронавируси нав дар Чини материкӣ (дар вилояти Ҳубей — 1693), 136 ҳолат бо оқибатҳои марговар (Ҳубей — 132) ошкор шуда, 1824 нафар табобат шуда, аз беморхонаҳо бароварда шуданд (Ҳубей — 1266).

Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин 74 185 нафар ва фавтидагон 2004 нафарро ташкил дода, 14 376 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо бароварда шудаанд. Дар айни ҳол беш аз 135 ҳазор нафаре, ки бо беморон муносибати наздик доштанд, таҳти назорати тиббӣ қарор доранд.

Тибқи омори расмӣ, шумораи ташхисшудагони  бемории коронавирус дар Чин, ки ҳамарӯза берун аз музофоти Ҳубей — маркази эпидемия ба қайд гирифта мешаванд, рӯзи понздаҳум аст, ки пай дар пай  коҳиш меёбад.

Дар Гонгконг 62, дар Макао — 10 ва дар Тайван 22 ҳолати тасдиқшудаи сирояти коронавирус сабт шудааст.

Тибқи маълумоти охир, дар ноҳияи мухтори Синтзяну Уйғур (СУАР), ки бо Қазоқистон ҳамсарҳад аст,  76 ҳолати сирояти коронавирус, аз ҷумла дар вилояти мухтори Или-Қазоқ — 18 ва дар шаҳри Урумчӣ 23  ҳолат ба қайд гирифта шудаанд. Ҳоло беш аз 5 ҳазор нафар таҳти табобат қарор доранд.  Дар муассисаҳои тиббӣ 12 нафар табобат гирифта, ҷавоб дода шуданд.

Февраль 19, 2020 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон