Тоҷикистон ва СММ татбиқи Стратегияи миллии рушди ҷумҳуриро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо таҳкими ҳамкории тарафайн, аз ҷумла татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020», мусоидат ба таҳияи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таҳияи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва ҳамчунин дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, такмил додани модели макроиқтисодӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои авлавиятноки мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъда баён намуданд.








Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






