Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид

Февраль 11, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», инчунин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофирбари  шаҳри Хуҷанд» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд.

Созишномаҳои мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Намояндаи доимии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова  ба имзо расониданд.

Маблағи умумии созишномаҳои ба имзорасида 7 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 5 млн. доллар аз ҳисоби маблағҳои грантии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SECO) барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» ва 2 млн доллар барои татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» аз ҳисоби маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо равона мегардад.

Мақсади асосии Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб»- ин ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Кӯлоб мебошад.

Ҳадафи Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд»- ин беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд буда, дар доираи он харидории автобусҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Февраль 11, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид