«Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020». Ба шарафи Наврӯзи байналмилалӣ намоишгоҳи баҳории ҳунармандон баргузор мешавад

Февраль 27, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 март то 20 апрел бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «Рахш такси» дар ҳамкорӣ бо  Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020» дар пойтахт намоишгоҳи баҳории ҳунармандон баргузор мегардад. Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон барои истеъдодҳои ҷавон дарсҳои омӯзишӣ  гузаронида мешаванд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 11:00-и шаб идома меёбад.

Дар ин бора аз Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Мақсад аз баргузор намудани ярмаркаи мазкур дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо асарҳои ҳунармандон, рассомон ва кулолгарони дохиливу хориҷӣ мебошад. Ҳамасола иди Наврӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе  бо  муҳаббати беандоза таҷлил мегардад.

Аз ин рӯ ташаббускорони намоишгоҳ тасмим гирифтанд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ярмаркаи баҳорӣ баргузор намоянд, то дар он сокинону меҳмонони пойтахт ва хориҷиён ҷамъ омада, аз маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик бархӯрдор гарданд. Директори Маркази миллии “Иттифоқи ҳунармандон” Нигина Икромӣ иброз дошт, ки ташкили ярмаркаи баҳорӣ, пеш аз ҳама, далели он аст, ки дар Душанбе ҳам барои баргузории чунин  намоишгоҳҳо ҷойи махсус  вуҷуд дорад ва ҳамагон метавонанд тӯли як моҳ бо кори ҳунармандони мо аз наздик шинос шуда, туҳфаҳову ширинӣ харидорӣ намоянд.

Февраль 27, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид