Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Ухани Чин парвоз кард
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 феврал, дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр« бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳри Ухани Чин парвоз кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Кормандони соҳаи тиб ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон низ бо ҳавопаймои мазкур озими шаҳри Ухан шуданд.
Бино ба маълумоти Сафорати давлати мо дар Пекин, то 9 феврали соли 2020 дар шаҳри Ухан, устони Хубэй 54 нафар шаҳрванди мо қарор дошта, ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд.
Ҳавопаймои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ аст, ки дар Ухан аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида хоҳад шуд.
Сафорат ҳолати паҳн шудани коронавирус дар Чинро пайваста пайгирӣ намуда, ба шаҳрвандон кумаки зарурӣ мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони мо, ки дар Чин қарор доранд, метавонанд ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронӣ: tajembbeijing@mfa.tj ё рақамҳои зерини телефони ҳамроҳ муроҷиат кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов).
Аз ҳамватанон эҳтироман хоҳиш мегардад, ки оромиро нигоҳ дошта, муқаррароти будубоши кишвари маҳалли иқомат ва талаботи зарурии пешгирии бемориро риоя кунанд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






