Дар Вазорати кишоварзӣ масъалаи муҳофизати растаниҳо ва мубориза бар зидди малахро муҳокима намуданд

Февраль 15, 2020 12:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2020. /АМИТ «Ховар»/ Дар Вазорати кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявии муҳофизати растаниҳо, мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ доир гардид.

Дар ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода иброз дошт, ки «яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ин  андешидани тадбирҳои пешгирии саривақтӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашароти зараррасон мебошад. Соли 2019 мутахассисони вазорат ва зерсохторҳои он  бо истифода аз техникаву таҷҳизотҳои муосир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста чорабиниҳои муҳофизатии  пешгирӣ аз касаливу ҳашароти зараррасонро гузаронида,  зироатҳои кишоварзиро аз зарар ва нобудшавӣ эмин нигоҳ доранд».

Сипас аз ҷониби иштирокдорон доир ба мубориза бар зидди малах маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Ба гуфти сардори Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» Аҳмадҷон Қодиров, имсол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки майдони умумии боғҳо 158937 гектар ва токзор 38109 гектарро ташкил медиҳад, коркарди байниқаторҳо 92561 гектар, ба шаклдарорӣ 104683 гектар, яхобмонӣ 38539 гектар,  коркарди кимёвӣ 49634 гектар гузаронида шуд, ки ин усулҳо барои кам кардани пайдошавии организмҳои зараррасон мусоидат намуд.

Вазири кишоварзӣ ба аъзоёни ситод ва масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки  чун фасли тирамоҳ ва зимистони имсола нисбат ба солҳои қаблӣ боришоти барф кам буд, пайдо гардидани ҳаргуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон бахусус ҳашароти зиёновар малах аз эҳтимол дур нест.

Мавсуф иброз намуд, ки моро лозим аст, ки ҳарчӣ бештар мубориза бар зидди касаливу ҳашароти зараррасонро хуб ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии онҳо дар ҷумҳурӣ тадбирҳои  зарурӣ  андешем, то ки меҳнати бо ранҷпарваридаи кишоварзонро аз зараррасонҳо эмин нигоҳ дорем.

Дар ҷамъбасти ҷаласа  як зумра  пешқадамони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо  сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ шуданд.

Февраль 15, 2020 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»